Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бисёр ашӯлаҳо муроҷиат ва хитобу савол ба воситаи нидоҳо ва ишоратҷонишину ҳиссачаҳо ифода мешавад.

Ашӯлаҳое, ки мазмуни нақлӣ доранд, бештар аз ду қисм иборатанд. Дар қисми аввал одатан воқеае баён мешавад ва дар қисми дуюм муносибати қаҳрамони лирикӣ ба ин воқеа изҳор мешавад: ӯ воқеаро ё маънидод мекунад (шарҳ медиҳад) ё аз он хулосае мебарорад ва ё натиҷаи онро арз менамояд. Вале дар ашӯлаҳои ба тарзи муроҷиат гуфташуда бошад, маънидоди воқеа ва изҳори хулосаю натиҷаи он аксаран аз мисраъҳои аввал шурӯъ мегардад ва аз ибтидои ашӯла сар карда, худи воқеа не, балки моҳияти он мавриди эътибор қарор мегирад. Дар ашӯлаи зерин мақсад дар ду мисраи аввал ифода шудааст ва ду мисраи дигар фақат онро аниқтар мекунад:
Ту бошӣю ман бошам,
Манба дунё чӣ даркор?!
Ту ошиқи ман бошӣ,
Ёри ганда чӣ даркор!?

Тарзи махсуси гуфтор ва аз мисраи аввал мавриди диққати махсус қарор гирифтани моҳияти воқеа ин гурӯҳ ашӯлаҳоро қисман ба сурудҳои яклухти тақсимшаванда табдил додааст. Бо вуҷуди ин шаклан мустақил будани байти аввал ва ба мисраъҳои сеюму чорум фақат аз ҷиҳати маъно алоқаманд гардида, аз як ҷузъи мустақили суруд иборат шудани ҳар як байт ба ашӯлаҳо хос аст. Бисёр ашӯлаҳо аз ду ҷумлаи алоҳидаи содда ва ё мураккаб иборатанд: байти аввал — ҷумлаи якум ва байти сонӣ, ҷумлаи дуюм. Барои мисол якчанд ашӯларо дар шакли наср меоварем: «Чишмата меқиссонӣ, қошата мепарронӣ. Бо нозу нуз, духтарҷон, дилама медарронӣ»; «Сафедора бурридам, аз бехаш кӯпалак зад. Куртаи аллас пӯшидам, мор боин печалак зад»; «Лаби ҷӯба нашинид, лаби ҷӯя намаш ҳай. Кӯчи Мӯлҷар наравид, мардумоя гапаш ҳай»; «Ман туя ёрам гӯям, қафомонда ёр будас. Дилата ёбам гӯям, мират1 бегона будас».

Ашӯлаҳое низ зиёданд, ки ҳар як мисраъ ё ин ки мисраъҳои якуму дуюм ва дар якҷоягӣ сеюму чорум фикри тамомшударо ифода мекунад ва як ҷумлаи мустақил ба шумор меравад:
Латофатхон ганда не,
Лекин ҳар банда не.
Латофат — гули гандум,
Маломат кунад мардум.
Лаби дарё лаб бастам,
Ман дилам ба санг бастам.
Ёрам мана ҷавоб дод,
Ман чаккам ба гул ҳастам.

Гуногунии композитсияи ашӯлаҳоро инчунин ҳар гуна нидоҳо ва калимаҳое ба амал меоваранд, ки танҳо зоҳиран ба матн алоқаманд буда, бештар дар оғози ашӯла истифода мешаванд:
Хӯй нашавӣ, хӯй нашав,
Ман ба умедвор нашав.
Ман лоиқи ту неям,
Сӯӣ пушаймон нашав.

1 Мират — меҳри ту.

пешина
аз 295
навбатӣ