Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Вазифаи ин хел мисраъҳо, бо вуҷуди фикри муайянро ифода накаданашон, басо муҳим аст. Онҳо бо рақс робитаи бевосита доштани ашулаҳоро собит мекунанд ва оҳанги шӯхи рақсиро беихтиёр ба хотир меоваранд. Ашӯлаи зерин, ки дар он ҳатто дар бораи худи рақс сухан меравад, ба ин ақида мисоли равшан шуда метавонад:
Ҳои чиё, ҳои чи!
Як дам бозӣ равӣ-чӣ!
Бозӣ рафтан натунӣ,
Шогирди ман шавӣ-чӣ!
Оҳанги шӯх ва рақсовари ашӯла аз як қатор хусусиятҳои хоси он ҳосил мешавад. Калимаҳо бозӣ доронда мешаванд:
Гиҷондаю гиҷонда,
Улфатбибӣ гиҷонда?
Кофта-кофта раветун,
Инӣ Бегназаранда.
Чанг умадо, чанг умад,
Чанги мошина умад.
Апа дарба бароед,
Зебӣ аз хундан умад.
Чигӣ-чигӣ, чигичон,
Биё, равем Андичон,
Тошкананда Тоҷихон,
Ишрат кунем, чӯраҷон.
Ба воситаи ҳар гуна нидоҳо садоҳои баҳубӣ идрокшаванда ва манзараҳои баралло тасаввуршаванда ифода мегардад:
Такар-такар асп умад,
Аспи акочам умад.
Янга, дарба бароед,
Ойни чинтокӣ умад.
Аспаки кавут канда кард,
Замину замон ларза кард.
Гулгунча омад, ханда кард,
Манака шарманда кард.
Дар баъзе ашӯлаҳо ҳаракат суръатнок ва ҳарорат туғёндор аст, як воқеа зуд воқеаи дигарро иваз мекунад, як манзара филҳол бо манзараи дигар иваз мешавад, тағйири пайдарпаи ҳолатҳои рӯҳӣ басо равшан қайд мегардад.
Матлафҳун аз бум парид,
Курти рохаташ дарид.
Ғам нахӯред Матлафхон,
Аҳмадбӣ курта харид.
Дигар яке аз хусусияти асосии сохти ашӯлаҳои тоҷикӣ дар истифодаи зиёди параллелизм зоҳир мешавад. Аксарияти ашӯлаҳо дар ин санъат бунёд ёфтаанд ва тарзҳои гуногуни истифодаи ин санъат дар онҳо мушоҳида мегардад. Дар масъалаи муқаррар намудани хусусиятҳои параллелизм барин як санъати қадимаи назми халқӣ ва таърихи пайдоишу инкишофи он ашӯлаҳо маъхази беназиранд.
Зикри қиёси ҳодисаҳо, ҳамрангӣ ва ҳаммаъноии онҳо, чунон ки И. С. Брагинский қайд мекунад, ҳамеша ба фикри оддии инсон суруре меангехт ва яке аз муҳимтарин воситаҳои изҳори бадеии фикр буд. Ба эътибори ин баъзе тадқиқкунандагони услуби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё