Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Аб-боло шамол омад,
Ап-поин ёрам омад.
Чаккашанда гули сурх,
Оруми ҷунам омад.
Афтодан, даридан, шикастан, вайрон шудан дар ашӯлаҳо ҳам чун рамзи вайроншавии оила, рӯй додани ягон бадбахтӣ дар ҳаёти шахс, рамзи хатару фалокат каму беш истифода мешаванд:
Боғ ғалтиду боғ ғалтид,
Боға деволаш ғалтид.
Хайфаки Шарофатхон,
Ҷои гандава ғалтид.
Гул, булбул, Тоҳир ва Зӯҳро, кабк ва кабӯтар барин образҳои рамзӣ низ дар ашӯлаҳо, баъзан дар мавридҳои тасвири ҳоли ошиқон истифода мегарданд. Рамзи оила қарор гирифтани предметҳои ҷуфт низ аз баъзе ашӯлаҳо ба назар мерасад, чунон ки дар ашӯлаи зерин ба воситаи ибораи «ду кӯш анор» орзуи ошиқе дар бораи оила, ҷуфт шудани сараш ифода шудааст.
Инак, рамз ҳамчун яке аз муҳимтарин воситаҳои тасвири бадии ашӯлаҳо бегона нест. Ин фикрро ҳамин чиз ҳам тасдиқ мекунад, ки ашӯлаҳо баъзе рамзҳои хосе доранд, ки дар байту рубоӣ бо предметҳои тамоман дигар ифода мешаванд. Дар манзили байту рубоӣ — деҳаҳои кӯҳсор, ки дар оғӯши табиат воқеъ шудаанд, ҷустани гул ва гулчинӣ рамзи майли дидор ва дидорҷӯӣ буда, тақдими гул арзи муҳаббат ва қабули гул ризомандии ошиқонро ифода мекунад. Дар ашӯлаҳо бошад, ҳамаи ин мафҳумҳо бештар ба воситаи рӯймол (рӯймолча) ифода мегардад. Рӯймолча ёфтан маънои ошиқ шуданро дорад:
Ман кӯча баромадам,
Якта рӯмолча ёфтам.
Рӯмолчая нағз дидам,
Соҳибаша наёфтам.
Қабули рӯймол мафҳуми қабул кардани арзи муҳаббатро дорад. Хушрӯии рӯймолча зебоии ишқро, нозебоии он нобаробариро дар ишқ ва бедилиро дар оила ифода мекунад:
Дастаманда рӯмолча,
Рӯ пок кунам, назебид.
Тенги худам ёрам не,
Ҳазил кунам, назебид.
Бо вуҷуди ин қайд кардан лозим мешавад, ки мавқеи рамз дар ашӯлаҳо нисбат ба ташбеҳ хеле маҳдуд аст.
Ашӯлаҳое кам нестанд, ки сар то сар аз ташбеҳ иборатанд. Зани бедил аз тақдири бади худ шикоят карда, ҳусни мисли садбарг шукуфон ва чеҳраи мисли маҳ дурахшонро бо ҳисси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё