Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
дили худ муқобил мегузорад, ки ин ҳодиса, яъне ободии зоҳиру харобии ботин ба воситаи ташбеҳот ифода гардидааст:
Гули сурх сада бойин,
Рӯм парчаи ма бойин.
Ёри касба расида,
Дилам парчи ях бойин.
Дар ашӯлаҳо ба мисли ташбеҳи зерин ташбеҳҳои пӯшидан басо нозуку диловез низ каму беш мушоҳида мешаванд: тасвири шабоҳати ҳусну бӯи духтар ба гули хушрӯю хушбӯй хеле ғалатӣ воқеъ шудааст:
Атиргула бӯй кунем,
Дирезая кушоем.
Ёри худа ӯй кунем,
Гули сурха шинунем.
Ба ашӯлаҳо низ серварианти хос аст. Аз ҷиҳати маъно ва образҳо ба сари худ ба куллӣ мустақил будани мисраъҳо ва махсусан байтҳои аксарияти ашӯлаҳо барои тағйир ва таҳрир ёфта истодани онҳо мусоидат карда омадааст. Ба замми ин, оддӣ будани шаклу сохти ашӯлаҳо ба зуд-зуд тағйир ёфта, нусхаҳои гуногун пайдо карда истодани онҳо имконияти муайян ба амал меоварад.
Сервариантии ашӯлаҳо низ, чи ба таъсири замон ва, чи ба вазъият ва завқу орзуи ин ва ё он иҷрокунанда вобастагӣ дорад. Аксаран дар нусхаҳои гуногуни як ашӯла таъсири ҳар дуи ин ҳодиса мушоҳида мегардад.
Масъалаи вариант дар ашӯлаҳо ба хусусиятҳои хоси ин жанр тобеъ буда, мувофиқи ин хусусиятҳо аз назар гузаронида шудани худро талаб мекунад. Хусусияти ашӯла аз ҷиҳати сохт устувор ва ислоҳнопазир будани қисми аввали он, аз як ашӯла ба ашӯлаи дигар гузаштан ва анъана шудани такрори ин қисм аст. Аз ин рӯ, тағйирот бештар дар қисми дуюм воқеъ мешавад. Модоме ки чунин аст, саволе ба миён меояд, ки магар мисраъҳои сеюму чоруми ашӯлаҳо дар изҳори ғояи асосӣ хизмате намекунанд? Хизмат мекунанд ва гап ҳам дар сари ҳамин аст, ки ба туфайли маҳз дар онҳо ҷамъбаст ва ё изҳор шудани муроду мақсад ҳама гуна тағйирот ва ё таҳрифот ба зиммаи ин мисраъҳо меафтад.
Вариантҳо баъзан маҷмӯи суратҳоеро ба хотир меоранд, ки ҳар кадом тағйироти дар давраҳои гуногун дар ҷараёни ин ва ё он ҳодисаи зиндагӣ зоҳиршударо акс мекунанд. Онҳо дар асоси гуногунии вазъият ва ҳодисаҳо, гуногунии характер ва рафтори одамон ба амал меоянд. Яке аз ашулаҳои дар мавзӯи никоҳи маҷбурӣ гуфташударо духтари соҳибиродаи исёнкор ин хел иҷро кардааст:
«Дадо» гӯям, «ха» гӯед,
«Духтари дадо» гӯед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё