Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Байти халқӣ ин аст:
Масох хуш аст, ачаб мазорҳо дорадо!
Ҳавои ҷонбахшу себаргазорҳо дорадо!

Дар воқеъ, байни ин ду байт, зоҳиран бошад ҳам, як навъ монандиро мушоҳида мекунем ва метавон чунин тахмин намуд, ки дар фолклори гузаштагони аҳолии Зарафшон, яъне мардуми Суғди қадим байт мавқеи муайян доштааст. Монандие, ки дар боло мушоҳида шуд, асосан дар натиҷаи истеъмоли ҳиссаҷои ҳитобии «о» ба амал омадааст, ки ин хусусият дар байтҳои халқӣ зиёд мушоҳида мешавад: «Дардат за надо, иқа чиба механдӣ!», «Сарғӯш манамо, навдаи сарғӯш манамо», «Ошиқ манамо ба бачаи савзина». Дар ашъори Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ дида шудани ин ҳодиса1 дар байтҳо маҳфуз будани хусусияти қадимии забони зиндаи халкро собит мекунад.

В. А. Гордлевский бинобар аз шеърҳои думисрагӣ иборат будани як қисми зарбулмасалҳои турк, ақидаи Б. Фаборо қувват дода, тахмин мекунад, ки қадимтарин намуди назми халқии ин мардум байт буда, баъдҳо ба он мисраъҳои дигар илова шуда, сурудҳои чормисрагӣ, ғазал ва ғайра ба миён омадааст. Ӯ менависад: «Дар бандҳои одатан чормисрагии шеърҳо осори тадриҷан афзудани нутқи манзум то имрӯз мушоҳида мешавад. Ба эътибори он ки мисраи сеюм бо мисраъҳои нахустин ҳамқофия намешавад, Б. Фабо ба ақидае омадааст, ки навъи асосии суруди халқии «тӯронӣ» байт буда, мисраъҳои сеюму чорум ҳамчун як навъ нақарот ё қисми нав баъдҳо илова шудааст»2.

Ин фикр хеле ҷолиби диққат аст. Аз байти ҳамқофия иборат будани оғози рубоию матлаи ғазал, мавҷудияти маснавӣ, шаклан ва мазмунан мустақил будани ҳар байт дар таркиби шеъри форсу тоҷик, алалхусус дар ашъори Рӯдакӣ, ки инро И. С. Брагинский ба таври махсус қайд кардааст3, касро ба мулоҳиза меоварад, ки фикри В. А. Гордлевский ва Б. Фабо асоси ҷиддӣ дорад.

Аз ақидаи И. С. Брагинский ҳамагӣ чӣ аз ҷиҳати сохт ва чӣ аз ҷиҳати маъно ба куллӣ мустақил будани байтҳои парокандаи ашъори Рӯдакиро нишон дода, чунин фикрро пеш меронад, ки ҳар як байти шоирро ҳамчун асари ҷудогонаи бадеӣ аз назар гузаронидан мумкин аст. «Рӯдакӣ ҳар як байтро ба ҳадде такмил медиҳад, ки он ба воҳиди мустақиди бадеӣ табдил меёбад. Ин ибтидои анъана аст. Ин анъана, баъдтар асосии ғазал барин як шеъре қарор гирифт, ки байтҳояш мустақил буда, зоҳиран ба ҳамдигар беалоқаанд»4.

1 Ниг.: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Сталинобод, 1958, саҳ., 23, 100, 106;
Осори Рӯдакӣ. Сталинобод, 1959, саҳ. 179, 182, 184, 185 ва ғайра.
2 В. А. Гордлевский. Избр. тр., т. 2, стр. 232;
3 И. С. Брагинский. О мастерстве Рудаки, стр. 388.
4 Ҳамон асар, саҳ. 296.

пешина
аз 295
навбатӣ