Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳоеанд, ки аз озоду соҳибҳуқуқ шудан, хату савод баровардан, маълумот гирифтан, бунёдкори ҷамъияти социалистӣ гардидани худ хурсанду рӯҳбаланданд:

Рӯи ҳавлӣ рӯфтагӣ,
Мошина катор чиндагӣ.
Ин замона духтарош,
Тӯпиша нимта мондагӣ.

Онҳо хуруфоту бесаводӣ, урфу одатҳои феодалӣ, танбалию коргурезиро маҳкум мекунанд, бар зидди беадолатиҳо мешӯранд, дар ҳаёт накӯкор ва дар меҳнат пешқадаму зарбдор шуданро тарғиб менамоянд:

Пахта чинӣ, тоза чин,
Хонашанда намонад!
Мусобиқая бурем,
Биргадир ҳайрон монад.

Ашӯлаҳо духтарони озоду соҳибихтиёр, студенткаҳои дилшод, комсомолкаҳои хушбахт, пахтакорон ва бофандадухтарони аз кори худ рӯҳбаландро тасвир мекунанд:

Фабриканда кори ман,
Ба халқам даркорӣ ман.
Ба шавҳари корнодон,
Намекунам зорӣ ман.

Ашӯлаҳо далели барҷастаи дар замони мо инкишоф ёфтан ва мундариҷаи нав пайдо кардани лирикаи халқанд. Халк ба воситаи ашӯлаҳо муносибати худро ба ҳаёти нави социалистӣ равшан ифода кардааст.

АДАБИЁТ

  1. Таронаҳои мардуми Ашт. Ҷамъ ва ба чоп тайёркунанда Н. Азимов,
    журн. «Садои Шарқ», 1965, № 3.
  2. Таронаҳои Самарқанд. Ба чоп тайёркунанда Б. Шермуҳаммадов, Душанбе, 1966.
  3. Сумане аз ҳар ҷамане. Тартибдиҳандагон А. Назарова, Р. Ширинова,
    Душанбе, 1966.
  4. Р. Амонов. Лирикаи халқии тоҷик. Душанбе, 1968.

БАЙТ

Оид ба пайдоиши жанр. Байт ҳамчун як намуди адабӣ дар фольклори тоҷик таърихи қадиме дорад. Шабоҳати байти яке аз аввалин шоирони тоҷик Абу Ҳафси Суғдӣ бо як байти халкӣ ин даъворо собит мекунад. Байти Абу Ҳафс ин аст:

Охуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Надорад ӯ ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо.

пешина
аз 295
навбатӣ