Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Эй ёри азиз, худат зи ҳурони биҳишт,
Дар гӯшаи рӯмоли ту гулҳора кӣ кишт?
Ҷавонеро рӯмолча — (рамзи изҳори ишқ) ба ташвиш меандозад:
Рӯмолчаи дастата намоён кардӣ,
Имрӯз мана хотирпарешон кардӣ.
Ҷуфти кабӯтар орзуҳои ширинро ба амал овардааст:
Дар тори ҳаво ду ҷуфт кафтар дидум,
Худро ба канори гарми дилбар дидум.
Орзумандони оила бисёр вақт дар хусуси боғу ниҳолу дарахт сухан меронанд, ки ҳамаи инҳо рамзи висол ва оила аст:
Дар боғи шумо якта ниҳол пайвастем.
Билло бахудо, мо ба шумо дил бастем.
Дарахте, ки иллате дорад ва аз сояю меваи он каси дигар баҳраманд аст ва инчунин меваи норасида муҳаббати бебарор, ҳасрату ҳавотириро ифода менамояд:
Дар боғи шумо зардолуи береша,
Ин ҷӯраи мо ғуломи беандеша.
Эй себаки сурх, ту гул куну ғура накун,
Ман ёри туам, мана ту бегуна накун.
Предметҳое, ки рамзҳои қаҳрамонҳои лирикии қарор гирифтаанд, чун дар рубоиҳо, қисман ҳамон образҳои машҳури анъанавӣ: гулу булбул, шамъу парвона, моҳу офтоб, Лайлию Маҷнун, Фарҳоду Ширин, Юсуфу Зулайҳо, ниҳол, бед, санавбар ва амсоли инҳо мебошанд.
Рангорангии ташбеҳотеро, ки дар байтҳо ҷой доранд, таъкид кардан зарурате надорад. Байтҳое кам дучор намешаванд, ки дар ҳар ду мисраашон фикр танҳо ба воситаи ташбеҳ ифода шудааст:
Дарёи Хуҷанд ҷӯш мезанад, ҷӯшаш ман,
Оташ, ки аланга мезанад, дудаш ман.
Чизҳое, ки ташбеҳкунанда қарор мегиранд, асосан ба муҳит ва ҳаёти маишии мардум мансуб буда, аксарашон аз гузаштаи дур бо ин ва ё он хислати худ ташбеҳкунанда шуда омадаанд. Дар натиҷаи тарзҳои гуногуни қайди шабоҳати зебоии одам бо ин кабил чизҳо ташбеҳкунанда аз ҳар байт ҳар хел манзур мешавад. Дар байти зерин шабоҳати ҳусни одам бо гул ва моҳ ба тарзи хосе баён шудааст. Онҳо ба забон омада, ботаманно изҳор мекунанд, ки барои ифодаи зебоии одам хизмате доранд:
Маҳ аз лаби шаҳ бигуфт, ки ман рӯи туам.
Аз боғ бунафша гуфт, ки ман бӯи туам.
Ин кабил фактҳо майли доимии халқро ба ҷустуҷӯ ва навпардозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё