Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Дар аксари рубоиҳо шахси ошиқ дар хусуси ғаму андӯҳи худ аз фироки маҳбубааш ва садоқату вафодории худ ҳикоят мекунад. Вай орзу мекунад, ки то охири ҳаёташ аз дилдодаи худ ҷудо нагардад ва муҳаббати худро покиза нигоҳ дорад:

Ҷонона баҳори хуррамиро чӣ кунум?
Ман бе ту ҳаёту зиндагира чӣ кунум?
Мардум зи худо умри дароз металабан,
Ман умри дарози ғамқатира чӣ кунум?

Ин хели рубоиҳои халқӣ зебогию ҳусни занро бо сифатҳои одобу ахлоқи нек, ба монанди хоксорӣ, шарму ҳаё, хушмуомилагӣ, ҳалиму меҳрубон будан, самимият ва вафодорӣ якҷоя ифода менамоянд. Фидокорӣ ва ҷоннисор будан дар ишқу муҳаббат яке аз асоситарин ҷиҳатҳои рубоиҳои ишқӣ мебошад.

Ҷавонписар дар хусуси мулоқоти худ бо маҳбубааш фикр карда орзу мекунад, ки беди маҷнун шавад ва дар сояи шохҳои сербарги худ пайкараи зебои дилдорашро аз шуълаҳои сӯзони офтоб паноҳ созад. Вай орзу мекунад, ки сурмаи чашмони фаттони маҳбубааш гардад, худро ба ҳолу абрувони ӯ қурбон созад.

Дар рубоиҳои халқӣ ба воситаи образҳои шоиронаи ҷозибаноку самикӣ орзуи мулоқот бо маҳбуба ифода ёфтааст. Духтарон низ орзуи дидори дилдорони худро доранд, вале хоҳиши онҳо одатан хеле ҳалимона ва шармгинона ифода мегардад. Духтараке орзу мекунад, ки барои дилдори худ як даста гули тару тоза ё худ тӯппии дилҳоҳи сари ӯ, ё ин ки дар дастони ӯ чангу рубоб бошад:

Аспакта савор шавӣ, риқобат бошам,
Гар об биҷӯӣ, ман шаробат бошам,
Гар хоб кунӣ, такяи хобат бошам,
Бедор шавӣ, чангу рубобат бошам.

Вале мавзӯи асосии ин гурӯҳи рубоиҳо тасвири азоби тоқатфарсои ҷудоӣ, душворию машаққати беандоза дар роҳи висол, ноумедӣ, ҳаяҷону изтироби бетоқатона, ғаму ғуссаи орзуҳои ширини барбодрафта мебошад. Ишқу муҳаббат дар ин навъи рубоиҳо бо замини хушку беҳосил, дашти бегиёҳ, дарди бедармон монанд карда мешавад. Бе дили реш-решу хуншор, дарду алами ҷонситон, нолаву фиғон ва маъюсию ноумедӣ ишқу муҳаббат вуҷуд надорад. Ошиқи бадбахт ба гулбуттаи аз беху бунёдаш кандашуда, шохчаи хушкидаи дарахт, барфи обшуданстода ва ниҳоят ба гунаҳкоре, ки ба марг маҳкум шудааст, монанд карда мешавад.

Тасвири маъшуқаи бераҳму сангдил, ки ба ҳусну латофати худ мағрур аст, анъанаи пойдору қадимии адабиёти классикии тоҷик буд. Ин хусусият ба назми халқӣ низ ҷорӣ шуда, ранги анъанаро гирифтааст. Вале азбаски сурудҳои халқӣ вобаста ба воқеаву ҳодисаҳои реалии ҳаёт ба вуҷуд омада, бо ҳолатҳои конкретӣ робита доранд, мо дар онҳо равшану аниқ ифода ёфтани ҳаётро мушоҳида мекунем.

пешина
аз 295
навбатӣ