Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
над. Аваз, писарони ӯ, баҳодурони дигар — Аҳмаду Юсуф, ки низ аз қарибони Гӯрӯғлианд, бе ҳукму маслаҳати Гӯрӯғлӣ коре намекунанд, аз ҳар сафаре, ки баргарданд, аз натиҷааш ӯро хабардор мекунанд. Ба ҳамин тариқа, дар ҳар достон номи Гӯрӯғлӣ зуд-зуд ба забон меравад.
И. С. Брагинский хислатҳои хоси қаҳрамони эпоси тоҷикиро таъкид карда навиштааст:
«Қаҳрамонони эпикӣ тариқи иқтинос аз як эпос ба эпоси дигар «интиқол» намеёбанд. Қаҳрамони эпоси тоҷикӣ — Гӯрӯғлӣ монанди Кӯроғлии озарӣ низ такрори прототипи воқеӣ-таърихӣ намебошад, дар зимни ин вай ҳамчун Гӯрӯғлии тоҷик назар ба Кӯроғлии эпоси озарӣ хусусиятҳои хоси худро дорад, чунон ки қаҳрамонони асарҳои эпикии ҳамаи халқҳо ин хусусиятро дороанд.
Гӯрӯғлӣ тоҷик аст, мисли он, ки Кӯроғлии арманиҳо арманист ва ӯ дар эпоси курдҳо курд аст. Ҳар кадоми онҳо хусусиятҳои миллии худро доро мебошанд.
Ғайр аз ин, Гӯрӯғлӣ дар эпоси тоҷикӣ дар тафовут аз Кӯроғлии озарӣ қаҳрамони марказии эпос намебошад, ӯ ҷои худро ба Аваз — баҳодури нотарсу беолоиш» додааст.
Номбурда аз ин ҳодиса хулосаи муҳими назариявӣ мебарорад: «Прототипи воқеӣ (яъне Кӯроғлии озарӣ) барои бунёди ин образ ҳамчун материал истифода шудааст. Минбаъд дар ҷараёни эҷод, ҳангоми офаридани образ аз он ҳамоно танҳо номе боқӣ мемонад. Халқ дар офаридани образи идеалии қаҳрамон хислатҳои мавриди писандашро ситоиш мекунад, ҷамъбаст менамояд ва ба тариқи нав аз худ месозад»1.
Гӯяндаҳои тоҷик вобаста ба номи Гӯрӯғлӣ ва сарзамине, ки ӯ идора мекунад, вобаста ба Чамбул як силсила достонҳои наве ба вуҷуд овардаанд. Ин достонҳо, албатта, дар заминаи анъанаҳои зинда ва эҷодии халқ ба вуҷуд омада, эҷодкунандагони онҳо сюжет, образ ва мотивҳои эҷодиёти даҳонии халқ, забони бой ва воситаҳои гуногуни тасвири бадеии фольклори тоҷикро ба таври васеъ истифода кардаанд.
Сюжети қисми асосии ин достонҳо, чун сюжети афсонаҳои сеҳрангези қадимӣ буда, аз ҷиҳати пайдоиши худ ба давраҳои таназзули ҷамъияти ибтидоӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ, ки ба пайдоиши синфҳо дар ҷамъияти ибтидоӣ бунёд гузошт, тааллуқ дорад. Яке аз муҳимтарин омилҳои тартиботи ҷамъияти ибтидоӣ, чи навъе ки маълум аст, ба вуҷуд омадани оила буд, «...оилаи алоҳида, қуввае, балки қувваи мудҳише бар зидди қавм гардид»2.
1 И. С. Брагинский. Из истории таджикской народной поэзии, стр. 388—389.
2 Ф. Энгельс. Происхождение семьи, частной собственности и государства. К. Маркс и Ф. Энгельс. Изб. произ. в двух томах. Т. II. М., 1952, стр. 295.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо