Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Достонҳои «Гӯрӯғлӣ» муборизаи муттасилро барои ташкил ва мустаҳкам кардани оила инъикос мекунанд. Ин хусусият ҳатто дар достони аввали эпос ба хубӣ мушоҳида мешавад. Дар банди якуми репертуари Раҷабов Қурбоналӣ Гӯрӯғлӣ аз паи арӯсе барои худ равон мешавад. Пеш аз сафари ӯ, яъне дар қисми аввали ин банд воқеаҳои зерин ба амал меоянд. Дар сарзамини туркмач бародарон Алпомиш ва Аҳмадхон умр ба сар мебаранд. Онҳо Ҳилол ном хоҳар доранд. Рӯзе Ҳилол ранҷида, аз хонаашон баромада меравад:

Дар хуна як рӯзе ҷанҷол шуд,
Ҳилола лат кардан, малол шуд.

Ҳилол ба як деҳи дигар, ба хонаи Алӣ ном шахс рафта истиқомат мекунад. Соҳиби хона ӯро аз қафо зани худаш пиндошта, бо себ мезанад. Духтар ҳомила мешавад ва маргро аз зиндагӣ беҳтар медонад.

Дар гӯр писаре аз ӯ таваллуд меёбад. Байтали тағояш Аҳмад ба кӯдак шир медиҳад. Аз воқеа хабардор шуда, ба сари қабр бучулу мӯҳра мебаранд. Кӯдак ба бучул майл мекунад. Мефаҳманд, ки ӯ писар аст. Гӯрӯғлӣ ном медиҳандаш. Аҳмад ӯро ба хонааш гирифта меорад ва ба бачаҳои аз худаш хеле калон ба осонӣ ғолиб омадани ӯро мушоҳида карда, хурсанд мешавад, ки аз қувваи баҳодуронаи ӯ баҳраманд хоҳад шуд:

Ови чашми Аҳмад боридак,
Ҳам гирист, ҳам дилша форидак,
Рӯи Султуна бӯ кашидак,
«Фарзандум» — гуфтаку бусидак.
Фикр кард Аҳмади саркалон,
Дар чулем, донм бо чил ҷувон
Ҳар ҷо дуздӣ бисёр мекунем,
Ҳам дар туғай шикор мекунем.
Доим ба ҳар малгузорем1
Дар иҷа хонавон надорем.

Раҳьёншоҳ ном ҳокими мамлакати ҳамсоя ба зани Аҳмад ошиқ аст. Вақте ки вай барои дуздида бурдани зани Аҳмад меояд, Гӯрӯғлӣ фурсатро ғанимат дониста, аз аспи номии паррандаи ӯ насл мегирад ва бо шавқи тамоми ба парвариши тозанавзод машғул мегардад:

Шируш дод, аввал, шири одам,
Баъд аз он, бикун, эй ҷура, гӯш, —
Додуш шири нахчиру харгуш,
Ба ҳазор ҳилла мепарварид.

Дар натиҷа, аспи Гӯрӯғлӣ мисли одам баақл, мисли оҳу чолоку хушёр ва мисли харгӯш зирак мешавад.

Баъди ин корнамоӣ мардум ӯро сардори худ интихоб мекуканд.

1 Малгузор — марғзор.

пешина
аз 295
навбатӣ