Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Бисёр хусусиятҳои худ давраи наверо дар тараққиёти ин эпос таҷАССУМ мекунад.
«Дар асоси эпоси тоҷикӣ, — қайд менамояд И. С. Брагинский, — дар ҳеҷ сурат достони «Кӯроғлӣ» қарор нагирифтааст, балки он тасвири шоиронаи ривояти қадимаеро дар бораи манзили саодати мардуми деҳқон дар шароити охирҳои асри миёна дар бар мегирад. Ба сифати ин манзил дар эпос «Чамбули мастон» тасвир мешавад, ки баҳодуронаш онро бо сардории Аваз аз ҳуҷуми беинтиҳои беруна мудофиа мекунанд»1.
Оре, дар ин эпос ғояҳои эпоси қадимики тоҷикӣ инкишоф ва такмил ёфтааст. Орзуи пойдор намудани давлати мустақилу муттамарказ, ҳамон навъе ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ собит мекунад, аз давраҳои аввали тараққиёти феодализм сар карда, дар байни халқ беш аз пеш қувват гирифта омад. Ҳарчанд, ки давлати мустақили тоҷикон, давлати Сомониён зуд аз байн рафта, халқи тоҷик асрҳои зиёд дар як ҳолати парокандагӣ умр ба сар мебурд, ин орзу суст нашуда, балки хеле қувват гирифтааст ва азбаски шароитҳои таърихӣ барои ба амал овардани он имконият намедоданд, халқ дар фазои хаёлоти худ оламеро мувофиқи умеду нияташ офарида, онро фикран обод кардаву зебу зиннат дода, барои мудофиаи он баҳодурони мағлубнашавандаро «сафарбар намуда», ба ин восита кӯшиш кардааст, ки дили пурошӯб ва таскиннопазири худро каму беш тасалло диҳад.
Гӯрғлигӯйҳои тоҷик ба гӯяндаҳои халқҳои ҳамсоя шарик шуда, ба образи Гӯрғлӣ, ки бисёр воқеаҳои дар эпос тасвиршуда ба фаъолияти ӯ марбут аст, обу ранги тоза илова кардаанд. Гӯрғлиро бештар «султон» гӯён номбар мекунанд. Аммо дар эпос ин калима маънои фақат ҳоким, ҳукмфармо, соҳибсалтанатро ифода намекунад. Ин унвонест, ки халқ ба роҳнамо, ба доҳии худ додааст. Гӯрғлӣ, гарчи баҳодурзода асту маҳз ба туфайли паҳлавонӣ ва далерии худ ин унвонро сазовор шудааст, асосан ба идора кардани мамлакат, нигоҳ доштан ва намоиш додани шукӯҳу ҳашамати назаррабои Чамбул машғул мешавад. Мудофиаи Чамбул ва нест кардани шоҳони золими ҳамсояро, ки ба Чамбул таҳдид мекунанд, баҳодурон Аваз ва фарзандони ӯ Нураливу Шералӣ ба зимма гирифтаанд. Ин хел дар атрофи як кас муттаҳид шудани баҳодурон, ба воситаи як маркази муттаҳидкунанда ба ҳам робита пайдо кардани сюжетҳо дар фольклоршиносӣ циклизация меноманду. Нишонаҳои циклизация каму беш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мушоҳида мешаванд. Дар эпоси «Гӯрғлӣ» ин хусусият хеле инкишоф ёфта, шакли муайяне ба худ гирифта, барои ба ҳам занҷирбанд шудани достонҳои сершумори он хизмат меку-
1 И. С. Брагинский. Заметки о таджикском народном эпосе «Гуруғли». В. кн: «Очерки по истории таджикской литературы»., Душанбе, 1956, стр. 98.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ