Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

То подомони пора1.
Кук2 мекуна ситора3...
Мурчари4 гул хундона,5
Ошъқа месузона.
Алам мебинӣ, ёра,
Баёзи гардани гул,
Аз китиф қорьяк боло.
Дандонои сафеди гул
Ҳай, ҳай, бъбинӣ аз зар.
Лабҳои ширин пуршакар,

Дандоно дуру гавҳар,
Рухсораҳо севи лоҷвар6
Чишмои гул ҳавзи кавсар,
Бъбин, бъбин, айёра.
Ҳавор7 қад пичаҳора8,
Усма кашид қошора.
Хол чикондай рухсора,
Сарқасабаи гулдора9.
Хаштоду чор румола.
Таҳда калта нумола,
Оинаи билавр миёра,10
Качак бурид чилу чора,
Ҳайкалчаҳо катора,
Гул баст туморчаҳора12
Кулфи гиревон13 дора.
Гушда зира гушвора,
Бинида нати14 гулдора.
Сақич чирикас дора.

Пода кавшони ҳилола,
Тугма ба пушти пора,
Наъли кавш чилу чора,
Дили ошиқ мефора.
Гул гаштак бо ноз қад,
Ҳайкалчаҳора соз кад.
И сафар гашту ноз кад,
Қасаба реб буд, соз кад.

1 То подомони пора — то ошуқи по.
2 Кук — кӯк.
3 Ситора — асбоби ситорагуне будааст, ки занҳо мӯяшонро ороиш ме-додаанд.
4 Мурчар — мӯлҷар.
5 Ҳъндуна — ҳамдӯна маймун) — соли нӯҳумин аст дар байни 12 ном-ҳои сол дар солшуморие, ки пештар дар Осиёи Миёна маъмул буд. Дар ин-ҷо ба ҷавонӣ, тару тозагии духтар ишора шудааст.
6 Лоҷвар — лоҷвард, санги булурӣ, дар ин мисраъ рухсор ба себе, ки чун санги булӯрӣ софу тоза бошад, монанд карда шудааст.
7 Ҳазор — ҳамвор.
8 Пича — мӯи чаккан сар.
9 Сарқасаба — ясбоби ороиш аз матои зардӯзӣю гулдӯзӣ, ки ба сар ме-банданд.
10 Билавр — аз гуфти гӯянда, оинае будааст, ки хусни бинандаро аз-будааш зиёд карда нишон медодааст.
11 Ҳайкалча — асбоби ороише аз нукра, ки чоркунҷа будааст ва занҳо ба-гардан мебастаанд.
12 Туморча — ҳайкалчаи секунҷа.
13 Кулфигиревон — гиребонбанде, ки одатан аз нукра тайёр мекардаанд.
14 Нат-чизе, ки барои ороиши бинӣ истифода мекардаанд.

пешина
аз 295
навбатӣ