Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Гул бо гаштак у ноз кард,
Кафшои ҳилола соз кард.
Бо гаштак у гул ноз кард,
Ба даврара пардоз кард.

Чӣ навъе ки мебинем, ҳар ду гӯянда ҳам ҳусни дилрабо ва ба ҳусни худ бо назари ифтихори пур аз нозу ишва нигаристани занро тасвир кардаанд, вале гӯяндаи дуюм, Ҳақназаров, чӣ ба тасвири портрети зан (духтар) ва чӣ ба тасвири хулқу хӯи ӯ унсурҳои нав дохил намудааст.

Достонҳо ба масъалаи мустаҳкам намудани оила диққати махсус дода, зарурати мавҷудият ва пойдории оиларо пайваста тарғиб мекунанд. Гӯрӯғлии бефарзанд барои овардани Аваз ва писархонд кардани ӯ аз мудҳиштарин задухӯрдҳо рӯ наметобад ва дар ин роҳ тамоми воситаҳо, аз ҷумла, ҳилаву ҳунари душманфиреббиҳии худро устодона ба кор меандозад.

Дар достонҳо ҳар гуна кӯшише, ки ба девори вуҷуди оила раҳнае меоварда бошад, сахт маҳкум карда шуда, нисбат ба вайронкунандагони оила нафрати бепоёне изҳор мегардад. Аҳмаду Юсуф дар яке аз достонҳои репертуари Шарифов Муродалӣ ҳангоми дар сафар будани Аваз фитнае бархезонда, дар қасди вайрон кардани оилаи ӯ меафтанд. Зани Аваз ду фарзандашро гирифта мегурезад. Аҳмаду Юсуф духтари ӯро дастгир карда, ба мамлакати дигар бурда мефурӯшанд. Аваз хабардор шуда, зану фарзандони худро гирифта, тарки Чамбул мекунад.
Чамбулро Аваз аз ҷонаш азизтар медорад, ӯ ҳаёти худро бе Чамбул тасаввур карда наметавонад. Дар достон ду ҳис — ҳисси муҳаббат ба оила, аз як тараф, ва ба ватан, аз тарафи дигар, дар тарозу гузошта мешавад ва барои зану фарзандони худ шуда, тарки Чамбул кардани Аваз, муҳим ва пуркувват будани ҳисси оиладӯстии ӯро таъкид мекунад.

Образи Аваз. Аваз қаҳрамони асосии эпоси «Гӯрӯғлӣ»-и тоҷик аст. Душманон Чамбулро фақат вақте ишғол мекунанд, ки Аваз он ҷо набошад. Дар достони нахустини нусхаи Раҷабов Қурбоналӣ ба Чамбул Қафлоншоҳ бо лашкари худ ҳуҷум мекунад. Аваз дар шикор аст. Ба муқобили Қафлоншоҳ худи Гӯрӯғлӣ, Ҳасану Аҳмад ба ҷанг мебароянд, вале ҳеҷ кадом ба ҳамлаи шадиди душман тоб оварда наметавонад. Қафлоншоҳ танҳо аз Аваз метарсад ва ӯ пас аз бо фириб ба банд андохтани Аваз роҳи зафарро дида шодӣ мекунад. Ҳамин ки Аваз бо ёрии писаронаш аз банд озод мешавад, Қафлоншоҳ роҳи гурезро пеш мегирад.

Аваз бар қавитарин душманон ғалаба карда, дар тамоми мамлакатҳои гирду атроф овоза баровардааст. Ҳар як марди далеру зебое, ки дар он ҷойҳо пайдо шавад, гумон мекунанд, ки Аваз аст.

Муҳаббати беҳудуд ба ватани худ — Чамбул, барои ин мулк
ҷонфидоиҳо кардан, барои дар олам овоза кунонидани ободӣ ва
зебоии он муттасил мубориза бурдан — хислати асосии Аваз аст.

пешина
аз 295
навбатӣ