Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

аст. Ин хислат дар ҳамаи достонҳо тасвир меёбад ва ба замми ин ҳар як достон ягон хислати ин баҳодури мағлубнашавандаро акс мекунад. Дар ҷое вай зиракӣ ва ҳунармандии ҳайратовар нишон медиҳад, андоми худро дигар карда, ба қалъаҳои дастнорас роҳ меёбаду ба мақсадаш мерасад, дар ҷои дигар вай падари ғамхору меҳрубонест, ки чашмаш ба роҳи фарзандони дурафтода чор шудаасту то ба дидори онҳо расида, сару баданашонро бӯ накашад, дилаш қарор намегирад.

Аваз образи барҷастаест, ки чун қаҳрамонҳои машҳури эпосҳои халқҳои ҷаҳон Рустам, Садко, Роланд, Илья Муромец, Алпомиш ва монанди инҳо дар дилу ёди халқ маҳкам ҷой гирифтааст. Халқ беҳтарин хислатҳои худро ба он нисбат додааст. Номи Аваз ба хурду калони он маҳалҳое, ки эпоси «Гӯрӯғлӣ» паҳн шудааст, шинос аст, онҳо ӯро бисёр дӯст медоранд ва аз шунидани номи ӯ ба шавқ омада, хурсанд мешаванд. Аваз мояи ифтихори онҳост.

Шунавандагони эпос ҳамеша аз барори кори қаҳрамони маҳбуби худ, аз корномаву ғалабаҳои ӯ шод шуда, аз камтарин азобе, ки ба сари ӯ меояд, изҳори таассуф мекунанд. Дар маъракаҳо дар вақти иҷрои достонҳо ҳар замон: «Ҳа, қандата бизан, Аваз!» «Аваз! Бигир ӯро бизан, намонаш!», «Бале Аваз, офарин Аваз!» барин суханон шунида мешаванд. То гӯянда ғалабаи пурраи Авазро бар душман ва ба муроду мақсади худ расидани ӯро тасвир накунад, мардум хотирҷамъ ва пароканда намешаванд.

Аваз дар лавҳаи тасаввури мардум ҳамчун муҷассамаи некӣ ва баҳодурӣ нақш бастааст. Ҳар як кори баҳодуронае, ки мақсади неке дар замир дорад, Авазро ба хотири онҳо меоварад.

Гӯяндагон Авазро ҳамеша зиндадил, ҷавонмард ва бардам тасвир мекунанд. Халқ дар симои Аваз ҳаётдӯстӣ, ҷавондилӣ ва тозагии худро акс кунонидааст.

Санъатҳои тасвир дар «Гӯрӯғлӣ». Ба эпоси қадимӣ, чи навъе ки маълум аст, типизация, яъне дар як тимсол муҷассам кардани хислатҳои барҷастаи як гурӯҳи қаҳрамонон хос набуд. Ин хусусият дар эпос тадриҷан ба амал омад. Мо зуҳуроти онро ба таври равшан дар эпоси «Гӯрӯғлӣ» мушоҳида мекунем. Чунончӣ, Ҳасанбаҳодур бо як қатор хислатҳои хандаовари худ аз баҳодурони дигари Чамбул фарқ мекунад. Вай қаҳрамонони аҷоибкори афсонаҳои ҳаҷвии тоҷикӣ: кал, кӯса, Ҳасанак, Девонаҳусайтӣ ва монанди инҳоро ба хотир меоварад. Ҳар боре, ки дар бораи Ҳасан сухан меравад, дар маъракаи шунавандагон мавҷи ханда баланд мешавад. Ҳасан, ҳатто, дар ҷанг ҳам хандаовар аст: дарахти чинореро ба даст гирифта, харсавор ба майдон медарояд. Ба ҷанг тайёр шудани Ҳасан дар репертуари Қурбоналӣ Раҷаб ин хел баён мешавад:

Бухе¹ занак, зуд аз ҷо,
Банги мара зуттар бигӣ ², биё!»

¹ Бухе — бихез.
² Бигӣ — бигир.

пешина
аз 295
навбатӣ