Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Зануш ҳамбонд банги девона,
Дар чилимхона банг мемона.
Дуди банга у меҳезона.
Мекаша бобо, ай дуди сиё,
Кур-кури бангушай дар ҳаво.

Зан аз иҷрои фармонҳои Ҳасан сар мекашад ва байнашон ҷанҷоли хандаоваре мехезад ва дар ин ҷанҷол Ҳасан бар занаш ғолиб мебарояд:

Дар дуғи Ҳасан у тарсидак,
Тарноз 1 ахтахона давидак.
Хара кадай, ана, чоравзор, 2
Пеши Ҳасан овард, кад тайёр.
«Э мардак, бигиву шав сувор!»
Ҷанори ҷангӣ кад Ҳасан бор,
«Э занак, халама 3 зуд биёр!»
Хала гирифт, хара шид сувор...
Ин гуфтаку кад соҳиби хар,
Суни ҷангҷора 4 чилав дод сар.
Омадак Ҳасан диёргии лашкар,
Кушинга ба чашмаш кад назар,
Насиҳат кадак суни нархар:
«Хушута бигӣ, ту, эй ҳарум,
Гушота, ҷанвар, як биховон,
Даҳан ҳуй кун чун ғори вайрон,
Ҳангаст бъзан як дар биёбон,
Душмана ба овоз бътарсон,
Хам овозута бишнава Султон,
Тамошо куна ҳам кулл ойҷон.5
Сумбута бумбурум, эй шерҳангум,
Зуд ханг биза 6, даррав бичангум,

Тасвири ҷанги Ҳасан низ ҳазломез аст. Ба Ҳасан худи Қафлоншоҳ рӯ ба рӯ мешавад. Вай Ҳасанро масхара карда, ба чанори ӯ ишоракунон мегуяд, ки «хуб кардӣ, ҳезуми зиёде овардӣ, акнун фаро, бо ин ҳезумат чой ҷӯшон».

Ба ҳамин тариқ, дар симои Ҳасан дар як тарзи диққатрабое ба қиём омадани ҳаҷву ҳазли халқӣ мушоҳида мешавад.

Дигар аз қаҳрамонони эпос, ки хислат ва вазифаи муайяни ӯ дар ҳар як достон ба таври махсус қайд мешавад, Соқибобо буда, ӯ ҳам мисли Ҳасан зебоии Чамбул ва адолатпарварии мардуми онро писандида, ин сарзаминро ватани худ қарор додааст. Соқӣ ҳофиз ва навозандаи забардатест, ки бо ин ҳунари худ мардуми Чамбулро роҳату хурсанҷӣ мебахшад.

Баъзе нишонаҳои типизация дар образи Гӯруғлӣ акс ёфтааст. Дар достони нахустин Гӯруғлӣ хислатҳои асосии баҳодурони эпоси қаҳрамониро дорад, вале вай пас аз ҳокими Чамбул

1 Тарноз — номи зани Ҳасан.
2 Ҳарро кадай, ана, чоравзор — ҳарро бо афзоли гуногун зиннат додӣ, барои саворӣ омода кард.
3 Ҳала — халачӯб.
4 Ҷангҷоға — майдони ҷанг.
5 Ойҷон — занҳо.
6 Биза — бизан.

пешина
аз 295
навбатӣ