Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
шудан тадриҷан ин хислатҳоро гум кардан мегирад. Ӯ баъд аз ин, агарчӣ ҳангоми ба Чамбул ҳуҷум кардани душманон, ноилоҷ ба майдони ҷанг дохил шавад ҳам, дигар ғолиб шуда наметавонад.
Дар баробари ин, дар кору рафтори ӯ, чӣ навъ ки И. С. Брагинский низ қайд мекунад, баъзе хусусиятҳои ба шоҳон хос дида мешавад: кӯтоҳандешӣ, ноустуворӣ, маишатпарастӣ ва ин гунаҳо. Дар натиҷаи бечуръатӣ ва хомхаёлиҳои Гӯрӯғлӣ Аваз ва писарони ӯ борҳо ба азобҳо гирифтор мешаванд, душманон Чамбулро зери по мекунанд. Дар достони нусхаи Шарифов Муродалӣ Гӯрӯғлӣ дар ҳолати мастӣ хати душмани Чамбул Турки Бағлонро гирифта, ба зудӣ ба баста пешкаши ӯ кардани Аваз ва зани ӯ Ширмоҳ розӣ мешавад. Дар достони дигари Муродалӣ Аваз бо фармони кӯтоҳандешонаи Гӯрӯғлӣ аз дигар фарзандони азизаш Нуралӣ ва Шералӣ муддати дарозе маҳрум гардида, хеле ранҷу азоб мебинад. Аваз аз аввал то охир дар шахси Гӯрӯғлӣ падари худ ва падари мардуми Чамбулро дида, ба ӯ содиқ мемонад, вале Гӯрӯғлӣ аҳамияти бузурги вафодории ин баҳодури забардастро намефаҳмад.
Ба ин муносибат, қайд кардан зарур аст, ки шунавандагон, норизо будани худро аз рафтори Гӯрӯғлӣ, одатан бо овози баланд изҳор мекунанд («Муттаҳам будай ҳамон ҳокими Чамбул», «Ақл надоштай Гӯрӯғлисултон»). Ин акси садои ҳамон эътирозе аз тарзи номусоиди давлатдории султон, ки дар достонҳои гуногун гоҳе ошкору равшан, гоҳе қадре ҳираву заиф ба гӯш мерасад.
Чамбул, бо вуҷуди дар фазои орзуи мардум ба вуҷуд омадани худ, хусусиятҳои ҳаёти воқеиро акс накарда наметавонист. Халқ дар ҳар як асараш ҳаёти худро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, дар эпоси «Гӯрӯғлӣ» зиддиятҳои тезу тунди иҷтимоӣ дар давраи феодализм хеле васеъ тасвир ёфтааст. Ин зиддият, пеш аз ҳама, дар худи дарбори Гӯрӯғлӣ ҷараён меёбад. Хешовандони Гӯрӯғлӣ (аз рӯи як қатор нусхаҳо: тағоҳои ӯ — Аҳмаду Юсуф) пайваста ба муқобили Аваз ва фарзандони ӯ мубориза мебаранд, барои мағлуб ва нобуд шудани Аваз, нест кардани фарзандон ва умуман оилаи ӯ аз ҳеҷ чиз рӯ наметобанд ва Гӯрӯғлиро пай дар пай бар зидди Аваз мешӯронанд, бо душманони Чамбул аҳд баста, барои ба дасти душман асир афтодани Аваз кӯмак мерасонанд. Дар шахси онҳо хислатҳои ҳамон гурӯҳи асилзодагон ва амалдорони феодалӣ акс ёфтааст, ки барои манфиати шахсии худ аз хиёнат ба ватан ва халқ ҳаргиз рӯ наметобанд.
Дар баробари ин ҳамаи он задухӯрдҳои хунини баҳодурони Чамбул бо душманони хориҷӣ ва дигар душманоне, ки ба Чамбул ва мардуми он зарар оварда, ба афзудани зебоӣ, қувва ва
1 Ниг. С. Брагинский. Очерки по истории таджикской литературы, стр. 114.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо