Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
нашъунамои ин сарзамин монеъ мешуданд, акси ҳамон зиддиятҳо ва муборизаҳое буданд, ки дар ҷамъияти синфии феодалӣ бо суръати тамом давом мекард.
Инак, дар достонҳои «Гӯруғлӣ» ду қувва, қувваи нек ва бад байни худ задухӯрди шадиде дорад. Қувваи бад ҳамон аст, ки ба ҳастии Чамбул таҳдид мекунад, яъне душмани қаттоли Чамбул аст, ки он аксаран дар симои подшоҳи мамлакати дигар арзи вуҷуд мекунад. Душман мақсади муайян дорад: бо лашкари худ забту вайрон кардани Чамбул ва ба даст овардани боигариҳои ин сарзамин. Бешумор будани лашкари душман, ба қувваи калон соҳиб будани он дар достонҳо борҳо таъкид меёбад.
Дар эпоси давраҳои қадим душман симои воқеӣ-ҳаётӣ (реалӣ) надошта, он махлуқи хаёлие буд, ки чун дев, аждар, девкампир, девбарзангӣ пайдо шуда, одам ё хуни вайро мехӯрд, бошишгоҳи инсонро харобу несту нобуд мекард, духтарони зеборо бо худ мебурд. Дар тасаввури одамони қадим ин махлуқ қувваҳои табиат, об, бод, борон ва монанди инҳоро соҳиб мекард. Қаҳрамонони эпос бо он махлуқҳо ҷангида, қувваҳои табиатро аз ихтиёри он гирифта ба ихтиёри одамизод медоданд.
Ҳарчанд ки дар эпоси «Гӯруғлӣ» дар таҷАССУМИ қувваҳои зидди Чамбул ақидаҳои қадимӣ, ҳатто мифологӣ (асотирӣ) осоре дорад, вале дар он на бар зидди ин гуна образҳо, балки пеш аз ҳама, ба муқобили қувваҳои муайяни иҷтимоӣ мубориза давом мекунад. Ин, аз як тараф, ба давраҳои инкишофи ҷамъияти синфии феодалӣ марбут будани достонҳои эпос ва аз тарафи дигар, аз анъанаҳои достонҳои қадимӣ сероб будани онҳоро исбот мекунад.
«Гӯруғлӣ» аз эпоси давраҳои гузаштаи дур усули ба таври васеъ истифода кардани муболиғаро мерос гирифтааст. Муҳоботу муболиға дар тасвири ҷанг, андоми баҳодурон, хислатҳои асп, базму зиёфатҳо мавқеи калон дорад ва барои бедор кардани шавқу ҳаяҷони шунавандагон хизмати муҳим мекунад. Бо вуҷуди ин, ҳар як гӯянда кӯшиш мекунад, ки муболиғаро аз ҳад нагузаронида, дар дили шунавандагон ҳисси нобоварӣ ва тамасхурро ба амал наорад, аммо вақте ки сухан дар бораи душман меравад, ӯ муҳоботу муболиғаро ба таври васеъ истифода мебарад. Дар ин маврид муболиға ҳаҷву тамасхурро қувват дода, нисбат ба душман нафрату истеҳзои шунавандаро зиёд менамояд.
Гӯяндагон душманро баднамои девсурат тасвир мекунанд. Чунончӣ, Кафлоншоҳ дар тасвири Раҷабов Қурбоналӣ қади дарози бесулукае дораду аз каллаи калони дегмонандаш сабӯсак меборад.
Ҳар як банди «Гӯруғлӣ» достони мукаммалу мураккабест, ки як силсила воқеаҳоро дар бар мегирад. Ҳар як достон аз ҷиҳати сохти худ ба хубӣ такмил ёфта, нисбатан хеле суфта ва рехта шудааст, ки ин натиҷаи саъю кӯшиш ва хизмати коллективи якчанд насли гӯяндагони тоҷик аст. Шавқоварии эпос, дар давоми

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо