Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
бисёр соатҳо суст нашудани диққати шунавандагон ба ин ҳодиса низ вобастагӣ дорад.
Достонҳо, одатан, аз якчанд боб таркиб ёфта, гӯянда дар оғози ҳар боб, баъзан дар байни бобҳо ба аҳли маърака муроҷиат карда, диққати онҳоро ба мавзӯъ ва воқеаи тасвиршаванда ҷалб менамояд. Чунончӣ, банди сеюми нусхаи Раҷавов Қурбоналӣ бо мисраъҳои зерин оғоз меёбад:
Гӯш кунан қиссаи мул мегирум,
Аввал гӯшаи Чамбул мегирум,
Медонен худтон, эй дӯстон,
Ай гури тор пайдоҳай Султон.
Мулки Чамбулда ҳай шоҳи калон,
Як пагоҳӣ будак, ҷӯран ҷон,
Дар сӯҳбатай Гӯруғлисултон
Шиштагӣ будан, байн дастархон...
Боби дигари ин банд бо ин мисраъҳо шурӯъ мешавад:
Сифат бигирем, эй ҷӯра, боз,
Ай канизи Ширмо, Бибиноз...
Ҳамин хусусиятро дар бобҳои минбаъдаи ин банд ва умуман дар ҳамаи бандҳои «Гӯруғлӣ» мушоҳида кардан мумкин аст.
Қофия дар достонҳои «Гӯруғлӣ» сар то по риоя мешавад. Ҳодисаи норасо ва ё вайрон омадани қофия хеле кам рӯй медиҳад. Гӯяндагон ба ин масъала махсусан диққат мекунанд. Дар эпос баъзе қофияҳо аз қабили он, ар, о, ор нисбатан бештар такрор ёфта, бисёр вақт, даҳҳо ва баъзан садҳо мисраъ пай дар ҳам бо ин қофияҳо меоянд. Ин ҳодиса, зоҳиран, ба осонтар будани ин навъ қофиябандӣ ва сермаҳсул будани қофияҳои мазкур вобаста аст.
Эпоси «Гӯруғлӣ» вазни муайян ва устувор дорад. А. Н. Болдырев, ки аввалин тадқиқкунандаи ин эпос аст, дар вақти сароидан зоҳир шудани вазнро таъкид карда мегузарад.
Дуруст аст, ки дар вақти сароидан, ба туфайли чӯршавии асбоби мусиқӣ вазни эпос махсусан равшан ба зуҳур меояд. Он вазни қадимии фольклори тоҷик, вазни ҳиҷо буда, одатан аз аввал то охири эпос риоя мешавад. Каму зиёд шудани миқдори ҳиҷоҳои мисраъ дар ҳар як ҷузъи ҷудогонаи достон ба мавзӯъ, характери воқеа ва оҳанги мусиқӣ вобаста аст. Масалан, дар матни нусхаи Қурбоналӣ Раҷабов мисраъҳои бисёр бобҳо аз 9 ҳиҷо иборатанд:
Ну-ра-лӣ-гуфт-мо-ба-гӯш-би-дор — 9
Мо-ҳас-тем-ай-мулк-ки-Зан-ги-бор — 9
Ме-хо-нам-ҳар-ҷо-қа-лан-дар-вор — 9
Ме-тан-мо-ра-тан-га-ву-тил-ло — 9
Им-рӯз-ин-ча-фар-до-ди-гар-чо — 9
Чо-н-ист-би-гӯй-ас-нест-ба-мо — 9
Кам-пир-гуфт-ру-та-на-кун-си-ё — 9
Ши-ноҳ-та-мут-эй-ко-кул-тил-ло — 9
Би-гар-ден-ба-ча-ҷой-А-ваз-хон — 9
Дар-хо-най-ма-шав-ҳар-дут-мех-мон — 9

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо