Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мисраъҳои баъзе қисмҳо ҳафт ҳиҷоианд:

Ну-ра-лӣ,-Ше-ра-ли-хон — 7
Қа-ши-дан-дар-би-ё-бон — 7
Ҳам-бай-ни-ку-ҷой-ка-лон — 7
Сез-да-хум-руз-кад-ра-сон — 7
Наз-ди-кий-шар-да-ши-дан — 7
Дар-сар-қу-ло-чу-қи-дан — 7
Рас-та-да-ме-ғи-ран-ҷо — 7
Кис-са-би-гум-эй-ош-но — 7
Ай-кул-ли-си-ру-сав-до — 7
Ай-хо-ки-Гу-руғ-ли-шо — 7

Дар ин нусха мисраъҳои баъзе бобҳо аз 8 ҳиҷо ҳам иборатанд:

А-ваз-гуф-тан-Со-қи-мул-ло — 8
Пеш-тар-би-рав-мул-ки-по-чо — 8
Дар-а-ми-рум-би-кун-ни-го — 8
Ко-хи-ли-нак-на-го-фил-бо — 8
Ма-ра-бо-бом-кар-да-буд-кар — 8
Биш-нав-рост-тӣ-би-гум-а-гар — 8
Ча-ро-ба-ҷанг-раф-тай-па-дар — 8
Ба-душ-ман-ши-дай-сар-ба-сар — 8
Бо-яд-ма-ра-ме-кад-ха-вар — 8
Ле-кин-май-луш-Со-кӣ-бо-бо — 8
Ҳар-ху-ку-ме-ки-ку-на-шо — 8
То-вах-те-хас-тум-дар-дун-ё — 8
Ай-фар-мо-нуш-нес-тум-қа-фо — 8

Ҳамин хел дар нусхаи гӯяндаҳои моҳир ва табъи шоириашон баланд ҳамаи мисраъҳо ҳамвазн буда, ин ҳамвазниро баробарии миқдори ҳиҷоҳо ба вуҷуд овардааст.

Нуфузи эпос ба ҷуз матни он (мазмун, вазн ва қофия) ба оҳанг, мусиқа, овоз ва ҳаракати гӯянда алоқаманд аст. Ҳамаи ин унсурҳо якҷоя шуда, ба ҳам робитаи узвӣ пайдо карда, ба шунавандагон таъсир мерасонанд. Бинобар ин дар нусхаи баъзе гӯяндаҳое, ки ҳунари шоириашон чандон мукаммал нест, дар вақти иҷро, яъне якҷоя ба зуҳур омадани унсурҳои мазкур, норасоии вазн чандон равшан ҳис карда намешавад ва ба таъсири достонҳо зиёд халал намеоварад.

Азбаски дар иҷрои эпос бадеҳатан шеъри гуфтан (импровизация) мавқеи асосиро ишғол мекунад, аз аввал то охир ба вазн риоя кардан кори ниҳоят душвор аст ва он ба гӯяндае муяссар мешавад, ки истеъдоди мукаммали шоирӣ дошта бошад.

Оҳангҳои «Гӯруғлӣ» гуногунанд ва вобаста ба мазмун ва хусусияти воқеаҳо тағйир ёфта меистанд. Сафар, ҷанг, базму зиёфат, зебоии духтар — дар тасвири ҳар кадоми ин воқеаҳо вазн ва вобаста ба он оҳанг тағйир меёбад.

Ба ҳамин тариқа, эпоси қаҳрамонии «Гӯруғлӣ» асари бузурги бадеӣ, ёдгории пуркимати маънавист, ки мундариҷаи бой ва санъатҳои дилчаспи тасвирро дарбар кардааст.

пешина
аз 295
навбатӣ