Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

АДАБИЁТ

  1. Гӯрӯғлӣ. Эпоси халқии тоҷик. Гӯянда Қурбон Ҷалил. Навиштагиранда Ҷ. Суҳайлӣ ва Ҳ. Ҳомидӣ, Сталинобод, 1941.
  2. Гӯрӯғлӣ. Достони Ҷамбули Мастон. Гӯянда Қурбоналӣ Раҷабов. Навиштагирандагон М. Холов ва Қ. Ҳисомов. Тартибдиҳанда Қ. Ҳисомов. Душанбе, ҷ. 1, 1962, ҷ. 2, 1963.
  3. Гӯрӯғлӣ. Гӯянда Ҳақназаров Кабуд. Навиштагиранда С. Фатҳуллоев. Ба нашр ҳозиркунанда Қ. Ҳисомов. Душанбе, 1975.
  4. А. Н. Болдырев. К фольклору Таджикистана. — «Труды Таджикистанской базы АН СССР», Т. III. Сталинабад, 1936.
  5. И. С. Брагинский. О таджикском эпосе «Гуругли» и его художественных особенностях. В кн.: «Вопросы изучения эпоса народов СССР». М., 1958.
  6. Раҷаб Амонов. Очерки эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб. Душанбе, 1963.

ДРАМАИ ХАЛҚӢ

Хусусият ва сарчашмаҳои жанр. Иҷрои қариб ҳамаи навъҳои эҷодиёти халқ бо мимика, ҳаракатҳои гуногун, таҳриқаи дастон, мушакҳои рӯй, чашм, абрувон ва ғайра пурра мешавад ва муқолимаҳои суръатнок, саволу ҷавобу хитобро дарбар карда, хусусиятҳои асарҳои саҳнавиро падид меоварад. Дар зимни ин як қисми асарҳои халқӣ чун эпоси қаҳрамонӣ, рубоӣ, суруд, байт, ашула сароида мешаванд. Иҷрои ин қабил асарҳо, ки ба он ҳар гуна ҳаракатҳо ҳамроҳ мешавад, тамошо дорад. Ҳамаи инҳо унсурҳо ва намудҳои театри халқианд.

Бо вуҷуди ин, дар гузашта сарчашмаи асосии театри халқӣ маросимҳои гуногуни мардум буданд. Барпокунандагони маросими «сусхотун», («ашағлон»), ки дар айёми хушкӣ бо нияти даъвати борон гузаронида мешуд, нақшҳои муайянро иҷро мекарданд ва ин маросим диққати тамошобинони зиёдро ба худ ҷалб мекард. Дар маросими мотам рақси умумии маросимии занон — самаъ (садир) ба як навъ саҳнаи барҷастаи драмавӣ табдил меёбад. Маросими тӯй сар то по бо унсурҳои амалиёти драмавӣ фаро гирифта мешавад, гарчи дар гузашта барпокунандагон ва иштироккунандагони ин маросим ба ин унсурҳо, чун ба расму оинҳои маълум муносибати ҷиддӣ доштанд. Қисми муҳими гуфтугӯйҳое, ки дар давоми маросими тӯй ба амал меояд, суҳанони тайёри анъанавиро дарбар мегиранд, ки аз як насл ба насри дигар мерос монда, аз тарафи наслҳои нав аз худ карда шудаанд. Фолклоршинос М. Қодиров, ки фолклори маросимии тоҷикони водии Қашқадарёро тадқиқ намудааст, қайд мекунад, ки дар аксарияти маросиму маъракаҳои халқӣ дар байни иҷрокунандагон аз рӯи анъана гуфтугӯйҳои пухтаю рехта ба вуқӯъ меояд, ки лавҳаҳои муҳими асарҳои саҳнавиро ба хотир мерасонанд. Масалан, агар гуфтугӯӣ байни хостгорому хешовандони арӯсро ба шакли асарҳои саҳнавӣ дарорем, як порчаи мукаммали драмае ба назар мерасад:

пешина
аз 295
навбатӣ