Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Хостгоре (ба падари духтар муроҷиат карда): Қани хезед, нона биёред, вақт рафт!
Падари духтар (ҳазломезона ва хандида): Ҳа, боз чӣ хел нон, охир ҳозир хӯрок хӯрдетон, боз аз ман талаб доретон?
Хостгори дигар (бо эҳтиром): Моҳон ба ватани шумо ба умед омадагӣ, аз шумохон як фарзанд металабем. Сари фарзанда дутта кардан ба падару модар қарз, ин касби отабобо.
Падари духтар: Ихтиёри духтар ба як худи ман не, мана, да ин ҷа тагош, акоҳош, амакҳош ҳастан, инҳо чӣ, ки гӯн, ма ҳам ҳамин-дия.
Хостгорон (ба хешони духтар рӯ оварда): Мана, ихтиёра ба шумоҳон додан, чӣ мегӯетон? Охир, моҳон ҳам кор дорем, рӯзгор дорем, ҳар рӯз кашола шуда мегардем-мӣ? Тезтар ҷавоб тетону монетону бахташа талабетон!
Яке аз хешон (бечуръатона овозашро паст карда): Мо ҳам чӣ мегӯем, «падар розӣ, худо розӣ» гуфтен, агар ин кас розӣ бошан, моҳон ҳам розӣ-дия.
Яке аз хостгорон (бо қатъият ба падари духтар муроҷиат карда): Хезед, нона биёред, мана инҳо ҳама розӣ шудан, боз чӣ мегӯед, моҳона бисёр саргардон накунед!
Яке аз хешовандони духтар: Хай майлаш, тақдираш рафта бошад, ҳамин-дия.
Падари духтар (қиёфаи ҷиддӣ ба худ гирифта): Мо нона мебиёрем, нонбиёрӣ кори қийн не, лекин баъд шумоҳон ҳам тахт меистетон-мӣ?
Хостгорон: Шумо одами қизиқ будед, о, аввал нона биёред, сонӣ чизе, ки талаб кунед, кардан гиред-дия! Мо ҳама вақт ба хизмати шумо тайёр ҳастем.
Унсурҳои драма дар иҷрои афсонаҳо ва эпоси қаҳрамонӣ низ каму беш ба назар мерасад. Гӯяндаҳои моҳир овоз ва тарзи гуфтори хоси персонажҳо, масалан, кампирон, бачагон, шоҳон ва девҳо ва садоҳои ҳайвонотро зуҳур мекунонанд ва нақли худро бо ҳар хел ҳаракатҳо такмил медиҳанд. Баъзе гӯрӯғлихонҳо камчин ба даст гирифта, амали баҳодуронро дар болои асп намоиш медиҳанд ва ё дар ҷои нишасти худ ба ҷунбиш омада, китфони худро ҳаракат дода, шиддати ҳодисаҳоро ифода менамоянд.
Ба ҳамин тариқ, ҳарчанд ки дар гузашта дар Тоҷикистон ва маҳалҳои тоҷикнишини республикаҳои ҳамсоя театри касбӣ вуҷуд надошт, вале унсурҳои намоишҳои саҳнавӣ, чӣ навъе ки санъатшинос Н. Нурҷонов низ қайд мекунад2, ҳаётӣ маънавии мардум мавқеи муҳим ишғол мекарданд.
«Дар тамоми мамлакат, — менависад Н. Нурҷонов, — сарояндагони халқӣ — «ҳофизон», «байтгӯён», «гӯяндагон», «созанда-
1 М. Қодиров. Фолклори маросими тоҷикии водии Кашқадарё. Душанбе, 1963, саҳ. 119-120.
2 Ниг. Н. Нурҷонов. Таджикский народный театр, стр. 8.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо