Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳис карда мешавад. Дар шеъри «Ленин бобо шуд» на танҳо ба халқ роҳи бахтро нишон додани Ленин ва барои ба даст даровардани бахту саодат муборизаи оштинопазир бурдани халқ акс меёбад, балки дар роҳи ин мубориза ба халқ роҳнамоӣ кардани партия низ нишон дода мешавад:

Аз он рӯзе, ки, ёрон, дар ҷаҳон шӯрой пайдо шуд,
Хусусан партия андар миён чун дурри якто шуд.
Ҳама зулму ситамҳо аз миёни халқ шуд нобуд,
Ба рӯи мо фақирон сояи давлат ҳувайдо шуд.
Ба навъи некхоҳӣ роҳи туғрӣ дод мардумро,
Ба ин бахту саодат раҳнамо Ленин-бобо шуд.
Зи беилмӣ ҳаёти халқи тоҷик буд дар зулмат,
Сиёсӣ раҳнамо гардид, то ин халқ доно шуд.
Мубориза бибурд, ҳар гоҳ, ба зидди душмани синфӣ,
Ба пеши аҳли ин заҳматкашон душман качалпо 1 шуд!

Дар рубоиёти шоири халқӣ Ҳомид Саид муҳаббати гарму ҷӯшони халқ нисбат ба В. И. Ленин ҳамчун доҳӣ, наҷотдиҳанда ва маҳбуби меҳнаткашон бо тасвирҳои анъанавии фолклор ва таърифу тавсифҳои омиёна ифода ёфтааст:

Доҳии азиз, дар амунам кардӣ,
Шӯро кардӣ, соҳибзамунам кардӣ.
То зинда ҳаям, таърифата мегӯям,
Дар рӯи ҷиюн дароззабунам кардӣ.
Овардӣ ба мо ҳаёту шодӣ ба вуҷуд,
Чизеро, ки мехостем, кардӣ мавҷуд.
Ту аз бари мо мактабу дониш додӣ,
Мо илми туро ба зудӣ кардем аз худ.

Ҳомид Саид дар сикли рубоиёти худ оид ба В. И. Ленин фикру андешаҳои халқро аз самими дил ифода намуда, ягонагии халқ ва Ленинро тараннум менамояд. Шоири халқӣ образи доҳиро дар табаддулоти ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ, дар муваффақиятҳои меҳнатӣ, хоҷагӣ, сиёсӣ ва маданӣ мебинад ва онро дар рубоиёти худ васф мекунад.

Дар рубоиҳои зерин, ки шоир онҳоро ба вафоти В. И. Ленин гуфтааст, ғаму андӯҳи оммаи меҳнаткашон самими ва басе ҳаяҷонбахш ифода ёфтааст:

Дӯсти азиз, як хабар фаҳмидам,
Ленин мурдааст, вақти саҳар фаҳмидам.
Оби дидам мисоли борони бухор,
Резун-резун, хун шуд ҷигар, фаҳмидам.
Чорбайт гуфта, замин ҷуфт мерунам,
Ман қадама бо мардунагӣ мемунам.
Ҳар бор Ленин ба хотири ман ояд,
Аз сӯзиши дил доим ғазал меҳунам.

Муҳаббат ва эҳтироми халқ нисбат ба В. И. Ленин абадист. Ёдбуди ӯро халқи советӣ бо ғазалу таронаҳо, бо зиёрати мак-

1 Качалпо — даступоумкарда, мағлубшуда.

пешина
аз 295
навбатӣ