Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
барои муқаддаси ӯ, бо меҳнати фидокорона дар сохтмони коммунизм, бо мудофиаи Ватани социалистии худ ва ҳоказо ба ҷо меорад:
Меҳри ту ба мағзу устухон пайваста,
Масков раваму барам ба ту гулдаста.
Бинам, ки ту хоб рафти мисоли зинда,
Таъзим кунамат, бурда ба сина даста.
Чанд шеъри халқии тоҷикӣ, ки ба забони русӣ чоп шудаанд, низ дар бобати нишон додани образи В. И. Ленин ҷолиби диққятанд. Масалан, дар шеъри «Апрел ва январ» гӯянда бо приёми адабии содда, вале пурмазмун дар бораи В. И. Ленин бо ҳиссиёти баланд чунин нақл мекунад (мазмунан):
«Моҳи апрел, вақте ки зардолуҳо гул мекунанд, рафиқ Ленин таваллуд шуда буд. Шаби январ, вақте ки сармову бӯрон буд, рафиқ Ленин вафот кард. Ин ду моҳ дар хотири халқ бо ду ранг абадӣ мемонад: январ бо ранги сиёҳ, апрел бо ранги сурх. Моҳи апрел ба мо шахси наҷотбахшро дод. Дар ин моҳ булбулон нағмасарой мекунанд. Дар шаби торику пурандӯҳи январ дӯсти башарият бо мо видоъ кард. Дар моҳи апрел мо либосҳои идона мепӯшем. Дар рӯзи январ мардум дар ҳама ҷо либоси мотам мепӯшанд. Офтоби моҳи апрел бар сари мо нур пошида, ҳарорати ҳаловатбахш медиҳад, то ки мо суруду таронаҳои шодӣ сароем. Мо дар рӯзи январ сурудҳои ғамангез мехонем. Ҳамроҳи мо бӯрон ҳам нола мекунад. Дар моҳи апрел зардолую бодом гул мекунад. Ҳаво аз бӯи гул муаттар мешавад. Мо шодмонӣ мекунем, ки муаллим ва дӯсти мо рафиқ Ленин таваллуд шудааст. Дар шаби январ бӯрону сармост. Моҳ аз назар пинҳон аст. Мо ба вафоти дӯсти худ ашк мерезем, гирья мекунем.»
Халқи тоҷик доҳии худро ана ҳамин тавр васф кардааст. Ҳиссиёти меҳру муҳаббати халқ нисбат ба В. И. Ленин чунон самими, бузург, беинтиҳо ва амиқу оддист, ки танҳо халқ ба фарзанди қаҳрамони худ — ба таваллуду вафоти он — ҳамин тавр аз сидқи дил гоҳ шодӣ мекунад, гоҳ бо ғаму андӯҳи ваз-ин нолаву фиғон менамояд. Ба дунё омадани Ленинро бо тасвири моҳи апрель — омадани баҳор, зинда шудани табиат мувозеъ гузошта, хурсандию хушбахтии худро ифода намудан ва аз дунё рафтани доҳии инсониятро, ки боиси ғаму андӯҳи миллионҳо гардидааст, бо моҳи сармову бӯрон — январь пайваста тасвир кардан — санъати параллелизм мебошад, ки дар фолклор ҳамчун приеми бадей бисёр кор фармуда мешавад.
Дар шеъри дигар, ки «Насиҳати падар ба фарзанд» ном до-рад, аз хусуси самараи Революцияи Октябрь ва муборизаву фаъолияти инқилобии В. И. Ленин сухан меравад. Дар ҳар сатри шеър меҳру муҳаббати нисбат ба В. И. Ленин доштан халкро пай бурдан мумкин аст. Мазмуни шеър чунин аст:
«Даҳ сол аст, ки В. И. Ленин дар байни мо нест, аммо номи ӯ ҳазорҳо сол зинда мемонад. Аз Москва то кӯҳсори Помир
290

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо