Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ҳамин ки ба хонаи арӯс расиданд, дар ҷои васеъ давра гирифта, сурудхонию рақсу бозӣ, дойразанию сурнайнавозиро давом медиҳанд. Тарафи арӯс онҳоро пешвоз гирифта: «Ба нияти нек, бахташон сафед, ризқашон фаровон шавад» гӯён ба сари тӯйовардагон орд мепошанд. Духтардор тӯйовардагонро зиёфат карда ба хешони наздики домод ҷома мепӯшонад.
Ҷамъомади занону духтарон, ки ҳинобандон номида шудааст, дар арафаи никоҳ дар хонаи оросташудаи арӯс мегузаштааст. Дар ин ҷамъомад рақсу бозию мусиқӣ, аскиягӯӣ, шеърхонӣ мавқеи махсус доштааст. Аз ҳар кас, ки дар он ҷамъомад иштирок мекардааст, хоҳиш карда мешудааст, ки ё суруд хонад, ё рақс кунад ва ё ягон ҳунаре нишон диҳад. Ин корро аввал занони солхӯрдаи шӯхтабиату ширинкор сар мекурдаанд. Намунаи сурудҳои ҳазломез, ки дар ҳамин ҷамъомад хонда мешудаанд, ин аст:
Давидеме, давидем,
Усмӣ сиёҳ харидем,
Ба қоши келин солидем.
Келин дар болохона,
Домод дар меҳмонхона,
Домод аспаша об дод,
Келин зулфаша тоб дод.
Келина бурдем сой катӣ,
Аспи алои бой катӣ,
Таги дари Уғулой катӣ!
Сандукҷекои чой катӣ.
Дар баъзе маҳалҳо арӯс либосҳои нав пӯшида, бо ду-се нафар дугонаҳояш деҳаро давр мезадаасту дугонаҳояш ва духтаронро ба тӯй хабар мекардааст. Духтарон ба арӯс ҳамроҳ шуда, аз пасаш дойразанӣ, сурудхонӣ, кафкӯбӣ, рақсу бозикунон ба хонаи арӯс меомадаанд. Дар ин вақт тарафи домод ҳам (ҷавонзанону духтарон) бо дойразанию рақсу суруд кӯчаҳои деҳаро давр зада, духтаронро ба хонаи домод хабар мекардаанд. Дар хонаи домод ҳам базми занону духтарон ташкил мешудааст. Дар ин ҷамъомадҳо суруди зеринро мехондаанд:
Ҳофизон: ...Аз Қаробоғ омадӣ,
Сина ба доғ омадӣ.
Дигарон: Хо, Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ
Ҷонам фидои Лайлӣ.
Ҳофизон: Мӯрчамиён духтарак,
Ҷигаркабоб омадӣ.
Дигарон: Хо, Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ
Ҷонам фидои Лайлӣ.
Ҳофизон: Ман меравам ба бозор
Гапата бигӯ, ҷӯраҷон.
Дигарон: Ҳай, лола, лола, лола
Ҳусни ҷавон пиёла.
Ҳофизон: Ҳалқаи тилло оварда,
Ба гӯшакам андозед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё