Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Дигарон: Ҳай, лола, лола, лола,
Ҳусни ҷавон пиёла.
Ҳофизон: Ман меравам то Бухор,
Гапата бигӯ, ҷӯрачон.
Дигарон: Ҳай, лола, лола, лола,
Ангур дар боғи хола.
Ҳофизон: Қурти атлас харида,
Шоҳӣ, кимхоб биёред.
Дигарон: Ҳай, лола, лола, лола,
Ангур дар боғи хола.
Ҳофизон: Ман меравам то Ҳисор,
Гапата бигӯ, ҷӯрачон.
Дигарон: Ҳай, лола, лола, лола,
Ҳусни ҷавон пиёла.
Ҳофизон: Сурми сиёҳ харида,
Марҷони боб биёред.
Дигарон: Ҳо, Лайли, Лайли, Лайли,
Ҷонам фидои Лайли.

Дар ҷамъомади духтарон шеърхонӣ, байтбарак низ мавқеъ доштааст, ки мисраъҳои зерин аз ҷумлаи ҳамин гуна шеърҳо мебошанд:

Шахси якум: Чашмак занамат, дар гӯшаи бом ой,
Сад ҳила кунам, то ин ки ба дом ой.
Шахси дуюм: Ман дом кашам, дона биҷошам бари ту!
Шояд, ки ба бӯи дона дар дом ой.
Шахси сеюм: Эй ҷӯра, биё, ҳардуямон ҷӯра шавем,
Шояд, ки ба як либос пӯшида шавем.
Шахси чорум: Дар тори ҳаво ситораҳо бисёр аст,
Дар тори ҳаво ситораи кӯша шавем.
Шахси панҷум: Шинам, шинаму ба ёд орам ман туро,
Берун раваму агар бикобам ман туро.
Шахси шашум: Дар нӯгаки бом шишта ту нақш медӯзӣ,
Қалпоқата қаҷ монда, маро месӯзӣ.

Дар арафаи тӯй дар Кӯлоб, Дарвоз ва Гарм ҳангоми саршӯён занҳое, ки вазифаи саршӯии арӯсро ба зимма гирифтаанд, суруди зеринро мехондаанд:

Занҳо: Гуларӯсак, сар бишӯй,
Паға ваъдай рафтанай.
Арӯс: Сарма шуста чӣ кунум?
Ношустагим беҳтарай.
Занҳо: Гуларӯсак, курта бипӯш,
Паға ваъдай рафтанай.
Арӯс: Курта пӯшида чӣ кунум?
Нопуштанум беҳтарай...

Баъд арӯс сарашро шуста истода мегуфтааст:

Шуяк-шуяконуме, саршуяконуме,
Оста шона куне, нареза мӯякуме.

Дар маросими махсуси сартарошии домод дар Ҳисор суруди зерин хонда мешудааст:

Якнафар: Қад баланд, қомат баланд, гардан дарозӣ мекунад.

пешина
аз 295
навбатӣ