Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар тӯйҳои водиҳои зикршуда ва як қатор маҳалҳои дигари Тоҷикистони ҷанубӣ бо номи «Барор-барор» суруде маъмул будааст, ки онро шаҳмардон ҳангоми ба итмом расидани ақди никоҳ ва пеш аз арӯсро ба асп савор карда ба хонаи домод гирифта бурдан, дар таги дари соҳиби духтар истода мехондаанд. Як варианти нисбатан машҳури суруди мазкур қарори зайл аст:
Ҳама: Барор-бароруш куне,
Бо тенг боруш куне.
Як кас: Дили очаш намешава,
Оташ суворуш куне.
Ҳама: Барор-бароруш куне,
Ба асп суворуш куне.
Як кас: Дили оташ намешава,
Акаш суворуш куне.
Ҳама: Барор-бароруш куне,
Ба асп суворуш куне.
Як кас: Дили акаш намешава,
Тагош суворуш куне.
Ҳама: Барор-бароруш куне,
Ба асп суворуш куне.
Як кас: Дили тагош намешава,
Бобош суворуш куне.
Ҳама: Барор-бароруш куне,
Тезтар суворуш куне.
Дар ҳамин лаҳзаҳо ҳофизон ва ё иштирокчиёни маросим сурудҳои зеринро мехондаанд:
Тахти равони арӯс,
Лола шукуфтай имрӯз,
Оча гиррёнай имрӯз,
Арӯс равонай имрӯз.
Духтар мерӯд молаш кати,
Ашколи рӯзгораш кати,
Вафо кунад ёраш кати,
Бо ҷамъи ашколаш кати.
Дар баъзе маҳалҳо ба ҷои суруди «Барор-барор» суруди «Тӯй муборак»-ро мехондаанд, ки иҷрокунандагони он асосан занҳо будаанд. Матни суруд чунин аст:
Ҳофизон: Аз кӯча гузаштам, ки нигоҳи ту кунам,
Андеша ба чашмони сиёҳи ту кунам.
Ҳама: Тӯй муборак бод, тӯй муборак бод!
Ҳофизон: Як моле надорам, ки закоти ту кунам,
Як ҷони азиз дорам, қурбони ту кунам.
Ҳама: Тӯй муборак бод, тӯй муборак бод!
Вақте ки занон аз паси аспи арӯс саворшуда сӯи хонаи домод раҳсипор мешудаанд, суруди «Ёр-ёр» хонда мешудааст. Ин суруд вариантҳои гуногун дорад, ки мисолҳои зерин аз қабили онҳоанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё