Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Як нафар: Ҳай-ҳай, шумо ҷононаед, ҷононаед,
Ҳама: Ёр, ёрё, ҷононаед,
Як нафар: Дар байни мо якдонаед, якдонаед,
Ҳама: Ёр, ёрё, якдонаед.
Як нафар: Марвориду дурдонаед, дурдонаед,
Ҳама: Ёр, ёрё, дурдонаед.
Як нафар: Як донаам дудона шуд, дудона шуд,
Ҳама: Ёр, ёрё, дудона шуд.
Як нафар: Ошиқи ман бегона шуд, бегона шуд,
Ҳама: Ёр, ёрё, бегона шуд...

Келин омад аз Чорчирок,
Даруни бӯхчаш равғанчирок,
Даруни чимилик нону каймоқ,
Ёр, ёре, бодомқавоқ.
Келин омад аз Исфисор,
ЯК духтари бадубало,
Чӣ мешавад, домодпоччо,
Тӯй гузарад ҳоли Шумо?
Ёр, ёре, ҳоли шумо.
Келин омад аз Исфисор,
Ду рӯякаш мисли анор,
Домодпоччом ҷо беқарор,
То дидани рӯи анор,
Ёр, ёре, рӯи анор...

Тарафи домод дар назди дарвоза ё дар рӯи хавлӣ оташ даргиронда, гулхани калон мекардаанд, арӯс ва ҳамроҳи арӯс- омадагонро бо тантана пешвоз мегирифтаанд ва онҳо арӯсро «Ёр-ёр»-хонон се маротиба аз гирди гулхан давр мезанонда- анд. Домод арӯсро аз асп бардошта, даҳ-дувоздаҳ қадам дур- тар бурда мемондааст. Дар ҳамин вақт «Саломнома»-хонӣ шу- рӯъ мешудааст. «Саломнома»-ро бибитунҳо, бибихалифаҳо гоҳ аз ёд, гоҳ аз рӯи қоғаз мехондаанд. Дар баъзе ҷойҳо за- ноне ёфт мешудаанд, ки «Саломнома»-хонӣ ба онҳо касб буда- аст. Онҳо одатан «Саломнома»-ро ба шароит ва ба келину до- мод мувофиқ карда эҷодкорона мехондаанд. Дар оғози «Салом- нома» ақидаҳои динӣ баён шуда, баъд дар бораи арӯсу до- мод орзуҳои нек карда мешаванд. Чунончӣ:

Саломномахон: Ба келину ба домод мо салом мегӯем!
Ба Ширину ба Фарҳод мо салом мегӯем!
Ҳозирон: Ҳазор алейк!
Саломномахон: Илоҳо, то ба пирӣ то умур бинед,
Ба хушнудӣ ҳаёти боҳузур бинед,
Шумо ҳам аз бачаҳотон тӯю сур бинед,
Ба келину ба домод мо салом мегӯем!
Ба Ширину ба Фарҳод мо салом мегӯем!
Ҳозирон: Ҳазор алейк!
Саломномахон: Набинед офату наҳсу зиён асло,
Набинед як хазон дар боғатон асло.

пешина
аз 295
навбатӣ