Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
дар ягон маҳал пурра иҷро карда намешудаанд. Агар яке аз онҳо дар ягон маҳал дучор шавад, дар маҳалли дигар ба назар намерасад. Аммо ҳамаи онҳо дар тӯйҳои арӯсии тоҷикон хонда ва суруда мешаванд.
Дар бораи хусусиятҳои шеърии сурудҳои тӯйи арӯсӣ ҳаминро гуфтан лозим аст, ки аввал аз ҳама матни сурудҳо ба лаҳзаҳои маросими тӯй ва мавзӯю мундариҷаи онҳо бевосита алоқаманданд. Ҳофизон ва иштирокчиёни тӯй (занон, мардон) ҳар гуна шеър ё суруди нақаротдореро, ки ёд доранд, хондан мегирифтаанд. Масалан, дар тӯйи фотиҳа суруди «Хӯй, бале», дар ҷамъомади пешазтӯи занону духтарон, ки онро дар баъзе ҷойҳо «оши занон» меноманд, суруди «Ҳо, Лайлаӣ» (Ҳа, лола), ҳангоми ба хонаи домод бурдани арӯс суруди «Ёр-ёроне»-ро мехондаанд, ки матнҳои онҳо хеле қадимӣ буда, қариб аз хотирҳо фаромӯш шудаанд ва ҳоло аз ин сурудҳо танҳо «Тӯй муборак» ва «Ёр, Ёр, ёроне» барин нақаротҳо боқӣ мондаанд. Дар тӯй рақсу суруд, мусиқанавозӣ ҳатман лозим аст, бе ин хурсандию базми тӯй ба вуҷуд намеояд. Бинобар ин хоҳ ҳофизон бошанду хоҳ меҳмонову соҳибони тӯй кадом сурудеро, ки донанд, ба мазмунаш эътибор надода хондан мегиранд ва дар ин хел сурудҳо нақарот ё байтҳои иловагие, ки ба мазмуни маросими тӯй вобастаанду ба таври импровизатсия хонда мешаванд, қимат ва аҳамият пайдо мекунанд.
Дуюм ин ки дар маросими тӯйи арӯсӣ бисёр сурудҳо на танҳо дар мавриду мавқеи худ иҷро карда мешаванд, балки мазмуни ин ё он лаҳзаи расму оинро инъикос мекунанд. Онҳо ба маросим ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи он ба таври табиӣ дохил мешаванд. Сурудҳои «Саршӯён», «Сартарошон», «Гул равонай», «Тӯ меравӣ аз хона», «Шаҳ муборак», «Барор-барор», «Саломнома», «Келиншинонӣ», рубоии «Ман ёри туам, намашавам ёри касе» ва ғайра аз ҳамин қабил мебошанд.
Мавзӯъҳои сурудҳои маросимии тӯй хеле гуногунанд. Ишқ, бовафоӣ, таърифу тавсифи арӯсу домод ва ҳаёти хушбахтонаи онҳо, оила ва мисли инҳо мавзӯъҳое мебошанд, ки дар сурудҳои тӯйи арӯсӣ инъикос гардидаанд. Албатта, сурудҳои маросимии тӯй аз ҷиҳати вазн, қофия ва дигар санъатҳои шеърӣ бенуқсон нестанд, аммо азбаски матнҳо ба оҳанги мусиқӣ чӯр шудаанд ва бештар коллективона хонда мешаванд, нуқсонҳои онҳо ҳис карда намешаванд. Ин ҳодиса умуман ба назми халқӣ, аз ҷумла, ба сурудҳо бисёр хос аст.
Дар тӯйҳои замони гузашта аз ашъори шоирон низ истифода бурда мешуд. Дар он тӯйҳо на танҳо ҳофизони касбӣ, балки дигарон низ суруд мехонданд. Ҳоло ҳам ҳамин тавр аст ва репертуари сурудҳои маросимии тӯйи замони мо махсусан аз ҳисоби шеърҳои шоирони советии тоҷик хеле бой гардидааст. Худи маросими тӯйи арӯсӣ низ тағйир ёфта, ба тараққиёти ҳаёти ҷамъиятии мо ва пешрафти маданият мутобиқ гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё