Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

МАРОСИМИ МОТАМ ВА МАРСИЯҲО

Дар маросими мотам аз замонҳои қадим то имрӯз сурудҳои ғамангези босӯзу гудоз гуфташуда ва инчунин марсияҳо иҷро карда мешаванд. Муаррихи асри миёна Наршахӣ дар асараш «Таърихи Бухоро» маълумот медиҳад, ки дар вақти маросими дафни Сиёвуш навҳаҳо мехонданд. Намунаҳои марсия аз асри дахум ин ҷониб дар адабиёти китобӣ бисёр дучор мешаванд. Марсия ба муносибати вафоти касе навишта ё гуфта шуда, дар он ғаму андӯҳ ва нолаву фиғон ва таъзияи муаллиф ё ягон хешованди мархум баён мешавад. Дар баъзе марсияҳои адабиёти китобӣ санаи вафоти мархум бо ҳисоби абҷад зикр меё-бад. Дар марсияҳо одатан сифату сифатҳои неки мархум, ор-зӯю омол ва нокомию маҳрумияти ӯ ёдоварӣ мешавад ва зим-нан аз бедолатию бедодии тақдир, фалак ва ғайраҳо сухан меравад. Дар баъзе марсияҳои адабиёти китобӣ ва эҷодиёти даҳонакӣ оҳанги иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ гирифтани мазмун низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, марсияи Садриддин Айний, ки вай онро ба муносибати аз тарафи амири Бухоро кушта шуда-ни бародараш навиштааст, аз ҳамин гуна марсияҳо мебошад.
Дар марсияи «Абдулмаҷиҷонам, балам», ки яке аз марсия-ҳои машҳури халқӣ ба ҳисоб меравад, сӯзу гудози шахсӣ гӯян-да хеле пуртаъсир ва ҳаяҷонбахш ифода гардидааст, ки банд-ҳои зерини он ин гуфтаҳоро пурра тасдиқ мекунанд:

Аз фироқат сӯхтам, эй нури чашмонам, балам,
Соя будӣ бар сарам, сарви химононам, балам,
Чок-чок аст ин гиребон то ба домонам, балам,
Нозанинам, қобилам, Абдулмаҷиҷонам, балам!

Айни пирӣ бар сарам кӯҳи бало андохтӣ,
Сирри дил бо мо нагуфтӣ, кори худро сохтӣ.
Рафтӣ аз дунёю бо он бод хокам сохтӣ,
Нозанинам, қобилам, Абдулмаҷиҷонам, балам!

Хеҷ ғамхоре надорам, то ки ман ҳамдам шавам,
Қомати як хоҳарат аз бори ғам гардид хам,
Хонаи уммеди ман барбод шуд аз ин алам,
Нозанинам, қобилам, Абдулмаҷиҷонам, балам!

Хулқи хубат мерасад, сад оҳу афғон мекунам,
Во балам, мегӯяму сад шаҳра вайрон мекунам,
Аз ду чашмам ҷӯи хунро мисли борон мекунам,
Нозанинам, қобилам, АбдулмаҷиДҷонам, балам!...

Дар фолклори тоҷик «Ҷони бобо», «Тарма», «Усмонҷону-ме» «Мотам» ва инҳо барин боз чанд марсияи дигар мавҷуданд, ки онҳоро низ аз намунаҳои беҳтарини марсияҳои халқӣ ҳисоб кардан мумкин аст. Бояд гуфт, ки одатан пас аз вафот дар рӯзҳои якум, дуюм, сеюм, ҳафтум, бистум ва чилум, ки аз рӯи расму қоидаҳо маросим гузаронида мешавад, дар мотамхона бештар занон гиряву нола ва овозандозӣ мекунанд, онҳо дар баробари истифода бурдани марсияҳои маълум ва маъмул

пешина
аз 295
навбатӣ