Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар маросими мотам асосан занон марсияхонӣ мекунанд ва аз байни онҳо касоне ёфт мешаванд, ки дар овозандозию суханварӣ маҳорати махсус доранд. Ин қабил занҳоро дар аксарияти маҳалҳо овозандоз ё гӯянда меноманд. Роли овозандозҳо, гӯяндаҳо дар маросим хеле бузург аст: онҳо ба хондани марсияҳои таъсирбахш азоҳонаро ба мотамкадаи пуршӯру пурҳаяҷон табдил медиҳанд, барои авҷ додани нолаю фиғон ба азодорон (модар, хоҳар, амма, хола, духтар, завҷа, келин ва ғайра) ва дигар занони ҷамъомада ба воситаи овозандозии худ мавзӯъ, мазмун, ҳатто сухану ибораҳо ёфта медиҳанд. Овозандозҳо, ки дар рӯзҳои мотам аз тарафи азодорон даъват карда мешаванд, суруд мехонанд, дигарон бошанд, бо овози баланд якбора «ҳуввв» гӯён ва гирьякунон ба онҳо ҷӯр мешаванд. Чунончӣ:

Гӯянда: Эй кошкӣ, мурғак шуда, дар ҳаво пар мезадаме,
гӯеде, Умриҷоне...
Умриҷон: Эй кошкӣ, мурғак шуда, дар ҳаво пар мезадаме...
баччаякаме, баччаякаме...
Гӯянда: Дар кофтуковат худама ба ҳар ҷар мезадаме,
гӯеде, Умриҷоне...
Умриҷон: Дар кофтуковат худама ба ҳар ҷар мезадаме...
баччаякаме, баччаякаме...
Ҳозирон: Ҳуввв!...
Гӯянда: Мо бе қуввати дил чӣ кор мекунем!
Хоҳарон: Мо бе додар акнун чӣ кор мекунем?
акаҷоне, акаҷоне...
гӯетоне хоҳароне...
Гӯянда: Мо бе қуввати дил чӣ кор мекунем!
гӯетоне хоҳароне...
Хоҳарон: Мо бе қуввати дил чӣ кор мекунем,
акаҷоне, акаҷоне...
Ҳозирон: Ҳуввв!...
Гӯянда: Ба ман меҳрубону ғамхор будӣ,
гӯед, холаҷонаш.
Хола: Ба ман меҳрубону ғамхор будӣ,
ҷигараме, ҷжигараме,
Гӯянда: Ҳамеша дилсӯзу дастъёр будӣ,
гӯеде, холаҷонаш...
Хола: Ҳамеша дилсӯзу дастъёр будӣ,
ҷигараме, ҷигараме...

Агар овозандоз аз худи оила ва хешу табори азодор бошад, ба овозандозу гӯяндаи касбӣ, ки ба онҳо соҳиби мурда дар охири маросим тӯҳфаҳо, (куртаборӣ, рӯймол ва ҳоқазо) медиҳад, эҳтиёҷ намемонад ва овозандозӣ беёрдаму иштироки онҳо сурат мегирад.

Дар маросими мотам як лаҳзаи марсиягӯй ҳаст, ки онро чор кашидан, самаъ, садир рафтан мегӯянд. Чор кашидан намуди драмавӣ дорад ва аз расму оинҳои қадимӣ ба шумор меравад. Маросими чоркашӣ, ки бо иштироки як гурӯҳ занон мегузарад, андаке воҳиманок аст: баъзе аз занҳо мӯйҳои худро пароканда карда, ба сари кифту сандуқи синаашон партофта, ҳаракати махсусе мекунанд.

пешина
аз 295
навбатӣ