Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар ташкилу иҷрои чоркашӣ гӯянда, ки дар мобайни давра истода ҳамаро идора мекунад, роли асосиро мебозад. Вай кӯшиш мекунад, ки марсияи мехондагиаш пуртаъсир бошад, иштирокчиёни чоркаширо ба ваҷд оварда, онҳоро саргарм кунад. Бо ҳамин мақсад гӯянда бо оҳанги ғамангези ба мотам хос, суханҳои гоҳ қофиядор ва гоҳ беқофия мегӯяд. Дигарон бошанд баъди ҳар сухани ӯ ҳаму рост шуда, такроран «облоху, облоху» мегӯянд.
Дар замони мо дар натиҷаи тараққиёти илму маданият, табаддулоти бузурги иҷтимоӣ дар маросими мотам низ тағйироти калоне ба амал омад. Бисёр расму оинҳои ин маросим, ки асрҳо боз вуҷуд доштанд, аз миён рафтанд ва ба ҷои онҳо унсурҳои нав, ки нисбат ба марҳум иззату эҳтироми мардумро ифода менамоянд, ҷорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин дар баъзе оилаҳо дар шаклу намудҳои пешинааш гузаронидани маросими мотам ҳанӯз ҳам соҳ дорад.
Хулоса, маросимҳои халқии тоҷикӣ аз замонҳои қадим бо фолклор алоқаи зич дошта, ҳамчун заминаи пайдоиш ва инкишофи эҷодиёти даҳотакии халқ роли калон бозидаанд. Фолклори маросимҳои халқӣ расму оин ва тафаккури одамони давравҳои гуногуни таърихиро акс менамоянд. Сурудҳои маросимҳои халқӣ муносибати одамонро нисбат ба ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият намудор сохта, нуқтаи назари эстетикии онҳоро ифода мекунанд. Ин гуна сурудҳо шоҳиди онанд, ки инсон чи дар лаҳзаҳои фараҳмандию хурсандиаш ва чи дар мавридҳои душвори зиндагиаш эҷодиёти даҳотакии худро ҳамчун як ҷузъи зарурии ҳаёти маънавииаш ба ифодаи идеалҳои худ истифода кардааст.
АДАБИЁТ
Кисляков Н. А. Семья и брак у таджиков. М.—Л, 1959.
Қодиров. Р. Фольклори маросимии тореволюциии тоҷикони водии Қашқадарё. Душанбе, 1963.
Ишанкулов Х. Г. «Брак и свадьба у населения Ходжента в новое время». Душанбе, 1972.
Дастуруламал оид ба ҷамъ кардани эҷодиёти даҳоникии халқ. Сталинобод, 1960.
Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978.
Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. Душанбе, 1978.
Рахимов М. Обычаи и обряды, связанные со смертью и похоронами у таджиков Кулябской области. Изв. отд. общ. наук. АН Тадж. ССР, № 3, Душанбе, 1953.
Розенфельд А. З. «Говораи ноз» — древний погребальный обряд на Вандже (Таджикская ССР) и траурные рубои. Фольклор и этнография. Обряды и обрядовый фольклор. Изд. «Наука», Л., 1974.
ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛҲО
Хусусияти жанрини зарбулмасал ва мақол. Зарбулмасалу мақол аз жанрҳои маъмул ва машҳури эҷодиёти бадеии халқ буда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё