Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Шуғл метавонад дар намудҳо ва шаклҳои гуногун зоҳир гардад. Шартан ҳама намудҳои шуғлро ҳамчун фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ ба се намуди асосӣ мансуб кардан мумкин аст: таълимӣ; меҳнатӣ; хизмати ҳарбӣ ва хизмати ба он баробар кардашуда.
Дар китоби мазкур танҳо намуди меҳнатии он баррасӣ мегардад. Меҳнат - ин шуғли шаҳрванд дар соҳаи ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар шаклҳои пешбининамудаи қонун мебошад, ки барои гирифтани музди кор (даромади меҳнатӣ) равона карда шудааст ва ё бо тартиби корҳои ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.
Ҳар кас ҳуқуқ дорад бо хоҳиши худ яке аз соҳаҳои шуғлро ҳамчун фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ (меҳнати касбӣ дар иқтисодиёти миллӣ, таҳсил бо ҷудо шудан истеҳсолот, корҳои хонагӣ ва ғайра) интихоб кунад.
Аммо, маъмулан шуғли ба меҳнати касбӣ алоқаманд, бартарӣ дорад. Мутобиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати нимсолаи аввали соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 млн. 300 ҳазор аҳолии машғули кор 1 млн. 199 ҳазор кироякорон мебошанд, ки фаъолияти меҳнатии касбӣ ягона манбаи воситаҳои зиндагии онҳо мебошад.
Қонун дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ як қатор ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар соҳаи шуғл пешбинӣ мекунад. Зимнан, бояд ба эътибор гирифт, ки як қисми ин ҳуқуқҳо барои шаҳрвандони корҷӯ ва қисми дигари ин ҳуқуқҳо танҳо ба он шахсоне дахл доранд, ки мақоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё