Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бекорӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ҳаҷми умумии нигоҳдории маблағ аз 50 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ зиёд буда наметавонад.

Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шахси бекор қатъ гардад, боздошта шавад, ё андозаи он кам карда шавад.

Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳангоми машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд, бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо пардохти стипендия гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, дар сурати муддати тӯлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, ҳангоми кӯчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар, бо охир расидани мӯҳлати таъиншудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, бо роҳи фиреб гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ, ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ ҷазо гирифтани шахси бекоре, ки кӯмакпулӣ мегирад, мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани нафақа аз рӯи синну сол ва барои хизмати дарозмуддат, ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятӣ ва дар давраи бекорӣ аз ду пешниҳоди ҷои корӣ ба ихтисос мувофиқ даст кашидан, пеш аз мӯҳлат қатъ карда мешавад.

Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба мӯҳлати то се моҳ дар мавридҳои зерин боздошта шавад:

  • ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи
пешина
аз 496
навбатӣ