Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шартномаи меҳнатие, ки дар вақти набудани корманд баста шудааст ва барои ӯ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта шудааст, аз рӯзи ба кор баргаштани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард, қатъ мегардад. Шартномаи меҳнатие, ки ба вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъд аз ба охир расидани он қатъ мегардад.

Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ, ки ба муҳлати на камтар аз як сол ва ба муҳлати иҷрои кори муайян баста шудаанд, метавонад то ба охир расидани муҳлат бо асосҳои пешбиникардаи моддаҳои 38 ва 39 КМ ҶТ бекор карда шавад. Дар ин ҳолатҳо дар шартҳои шартномаи меҳнатӣ мумкин аст пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ пешбинӣ карда шавад. Корфармо аз пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ озод карда мешавад, агар шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд ё бинобар уҳдадориҳои меҳнатии худро иҷро накардани корманд пеш аз муҳлат бекор карда шавад.

Қонунгузории меҳнат ҳолатҳоеро низ пешбинӣ менамояд, ки новобаста аз иродаи корфармо ва корманд боиси қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ мегарданд (моддаи 48 КМ ҶТ).

Ба сифати чунин ҳолатҳо инҳо пешбинӣ шудаанд:

  • даъват шудани корманд ба хизмати ҳарбӣ;
  • ба охир расидани муҳлати ваколати корманд;
  • ба кор барқарор намудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;
  • эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд, ки мутобиқи он корманд ва ё корфармо - шахси воқеӣ ба
пешина
аз 496
навбатӣ