Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҷазое мувоҷеҳ шудаанд, ки давом додани корро ғайриимкон мегардонад, масалан, аз озодӣ маҳрум намудан, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, корҳои ислоҳи меҳнатӣ на дар ҷойи кор ва ғайра;
-бо ҳалномаи суд ғайриқобили амал эътироф шудани корманд ва ё корфармо - шахси воқеӣ ё маҳдуд шудани қобилияти амали онҳо, ки чунин ҳолатҳо давом ёфтани муносибатҳои меҳнатиро истисно менамоянд;
- фавти корманд ё корфармо - шахси воқеӣ, инчунин аз тарафи суд фавтида эълон намудан ё бедарак ғоибшуда эътироф намудани онҳо;
-шартномаҳои меҳнатие, ки бо шахсони ба синни ҳаждаҳ нарасида ё занон баҳри иҷрои корҳое баста шудаанд, ки дар онҳо истифодаи меҳнати чунин шахсон тибқи қонунгузорӣ манъ карда шудааст;
-вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;
-набудани ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи таҳсилот, ки иҷрои кор тибқи қонунгузорӣ доштани донишу маълумоти махсусро тақозо намояд.
Илова бар ин, чунин ҳолатҳо дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ пешбинӣ мешаванд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» агар хизматчии давлатӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда шавад, он гоҳ муносибатҳои меҳнатӣ бо ӯ қатъ мегарданд.
САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
- Мафҳум ва аҳамияти шартномаи меҳнатиро тавсиф намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё