Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

умумӣ, махсус ва бетанаффус ва инчунин, собиқаи суғуртавӣ, пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба кормандон, иловапулиҳо ба музди меҳнат, рухсатиҳои асосӣ ва иловагии меҳнатӣ, нафақаҳои касбии имтиёзнок, нафақаҳои суғуртавӣ, табобати санаторию курортии кормандон ва дигар кафолату ҷубронҳои иҷтимоӣ вобастагӣ доранд.

Дар моддаи 52 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби умумии тасдиқи собиқаи корӣ муқаррар шудааст. Тибқи он собиқаи меҳнатии кормандро яке аз ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ менамояд:

  • дафтарчаи меҳнатӣ;
  • шартномаи меҳнатӣ;
  • иқтибос аз санади корфармо, ки ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатиро бо сабаби бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ тасдиқ мена-мояд;
  • иқтибос аз китоби пардохти музди меҳнати кормандон (ведомост);
  • рӯйхати хизматӣ (номгӯйи маълумотҳо дар хусуси кор, фаъолияти меҳнатии корманд), ки аз тарафи корфармо имзо шуда, бо муҳри ташкилот ё ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст;
  • маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси супоридани андухти нафақавӣ;
  • маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси пардохти саҳмҳои ҳатмии суғуртаи иҷтимоӣ;
  • маълумотномаи бойгонӣ дар хусуси фаъолияти меҳнатии корманд;
  • дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд.
пешина
аз 496
навбатӣ