Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҷониби хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ оид ба додани маъюбӣ ба шаҳрванд, ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занони ҳомила ва модароне, ки кӯдаки синни то 1 сола доранд, собиқаи кории бетанаффус то ба синни яксолагӣ расидани онҳо нигоҳ дошта мешавад.
Собиқаи кории бетанаффус новобаста аз давомнокии танаффус дар кор, нигоҳ дошта мешавад: а) ҳангоми қабул шудан ба кор пас аз озодшавӣ аз кор бо хоҳиши корманд бинобар сабаби ба кори дигар ба маҳалли дигар гузаштани зан ва ё шавҳар; б) ҳангоми ба кор қабул шудан пас аз озодшавӣ аз кор бо хоҳиши корманде, ки бинобар ба нафақа баромадан ё пас аз нафақа аз рӯи синну сол аз кор озод карда шудааст.
Ҳангоми озод шудан аз кор бо сабабҳои зерин, собиқаи кории бетанаффус нигоҳ дошта намешавад: а) мунтазам иҷро накардани уҳдадориҳои ба шартномаи
меҳнатӣ ё қоидаҳои дохилии меҳнатӣ муайяншуда; б) бидуни сабабҳои узрнок (аз ҷумла, дар ҳолати мастӣ ҳозир
шудан дар ҷои кор); в) ба қувваи қонунӣ даромадани
ҳукми суд, ки бо он корманд ба маҳрум сохтан аз озодӣ,
корҳои ислоҳӣ дар ҷои кор маҳкум карда шудааст ё ҷазои
дигаре, ки имкони идома додани ин корро истисно мекунад; г) гум кардани боварӣ аз тарафи корфармо ба корманде, ки ба арзишҳои пулӣ ё молӣ сару кор дорад; д) аз
ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро ба уҳда дорад, содир кардани рафтори бадахлоқона, ки барои идомаи ин кор мувофиқат намекунад; е) аз кор озод кардани
корманд ҳамчун ҷораи интизомӣ; ж) аз ҷониби корманд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё