Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
БОБИ 9. ТАРТИБОТИ МЕҲНАТӢ, ИНТИЗОМИ
МЕҲНАТ
9.1.Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва тартиби
таъмини интизоми меҳнат
Кори якҷояи кормандон бе тобеият ба интизоми меҳнат ва риояи қоидаҳои муқарраршудаи тартиботи дохилии меҳнат, ғайриимкон аст. Риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар алоқамандӣ бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ, таъмин карда мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати маҷбуриро манъ намуда, барои бекорӣ, иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ва риояи интизоми меҳнат ҷавобгариро пешбинӣ накардааст. Уҳдадориҳои меҳнатӣ ва дар заминаи он риояи тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи корманд ва корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ вогузор карда мешаванд. Бинобар ин масъулияти корманд ва корфармо барои иҷро накардани уҳдадориҳошон ва риоя накардани тартиботи дохилии меҳнатӣ на дар назди давлат, балки дар назди ҳамдигар (корманд ва корфармо) ба миён меоянд.
Бо назардошти ин, тибқи моддаи 59 КМ ҶТ риояи
қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ аз ҷониби
корфармо ва кормандон ҳатмӣ мебошад.
Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат, ки рафтори ҳуқуқии кормандонро дар ҷараёни кори якҷоя, инчунин масъулияти онҳоро муайян мекунанд, аз зумраи муҳимтарин санадҳои меъёрии локалӣ мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё