Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Тартиби қабули онҳо, таркиб ва дигар муқаррароти онҳо дар моддаи 59 КМ ҶТ муайян карда шудаанд.

Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатро корфармо дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон тибқи тартиби муқаррарнамудаи КМ ҶТ тасдиқ менамояд. Ин қоидаҳо ҳамчун санади меъёрии локалӣ одатан ба шартномаи коллективӣ замима мегарданд. КМ ҶТ талаботи махсусро ба мундариҷаи ин қоидаҳо муқаррар намудааст (қисми 2 моддаи 59 КМ ҶТ). Аз ҷумла, дар онҳо бояд тартиби қабул ба кор, аз кор озод намудан, вақти корӣ, вақти истироҳат, чораҳои ҳавасмандгардонӣ, интизоми меҳнат, ҳуқуқу уҳдадориҳои асосӣ ва масъулияти тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар карда шаванд. Ба ифодаи дигар қоидаҳои тартиботи дохилӣ реҷаи меҳнатро муайяну мушаххас менамоянд, ки барои таъмини рафтори зарурии тамоми субъектҳои ҳуқуқи меҳнат, бахусус барои кормандон ҳамчун иштирокчиёни ҷараёни меҳнат, пешбинӣ шудааст.

Бояд қайд намуд, ки уҳдадориҳои зикршудаи кормандон на танҳо бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат, балки метавонанд дар дастурамалҳои вазифавии кормандон муқаррар карда шаванд ва дар шартномаҳои меҳнатӣ низ инъикос ёбанд.

Дар ҳамагуна маврид қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат, ба монанди дигар санадҳои меъёрии локалӣ, вазъи кормандонро дар муқоиса бо қонунҳои меҳнат, дигар санадҳо, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо бадтар карда наметавонанд. Дар акси ҳол, ин қоидаҳо

пешина
аз 496
навбатӣ