Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳавасмандии меҳнатии кормандон, чораҳои ҳавасмандгардонӣ, додани имтиёзҳо ва бартариҳои гуногун таъсир мерасонанд. Аммо, нисбат ба кормандоне, ки интизоми меҳнат, қоидаҳои дохилии меҳнат ва уҳдадориҳои меҳнатиро вайрон мекунанд, чораҳои интизомӣ татбиқ карда мешаванд.

Ҳангоми дар сатҳи зарурӣ ва ё дар сатҳи баланд ташкил намудани кор ва таъмини ҳавасмандии кормандон ба кори маҳсулнок, чун қоида вайронкунии интизоми меҳнат коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат, таъмини интизом ва ташкили оқилонаи меҳнат дар корфармо барои баланд бардоштани сифати кор ва мутаносибан ба рақобатпазирии молу хизматрасониҳо замина мегузорад.

9.2. Мафҳуми ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат ва намудҳои он

Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат ҳамчун эътирофи оммавии (ҷамъиятии) хизмат ва қадрдонӣ барои муваффақият дар кор ба ҳисоб меравад. Корфармо кормандонро барои натиҷаҳои ба даст овардашуда ва софдилона иҷро кардани уҳдадориҳои меҳнатӣ ҳавасманд мекунад. Ҳавасмандгардонӣ бо роҳи эълони изҳори миннатдорӣ, додани мукофоти пулӣ, супурдани туҳфаи хотиравӣ, ифтихорнома ё унвони беҳтарин корманди соҳа ва ғайра, сурат мегирад.

Тибқи моддаи 61 ҚМ ҶТ корфармо ҳуқуқ дорад намудҳои гуногуни ҳавасмандгардониро барои дастовардҳои меҳнатӣ татбиқ намояд. Намудҳои

пешина
аз 496
навбатӣ