Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
татбиқ карда намешаванд ва дар чунин ҳолатҳо қонунҳо ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёрҳои ҳуқуқии меҳнатро дар бар мегиранд, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо, амал мекунанд.
Дар баъзе соҳаҳои иқтисодиёт барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, ки дар онҳо вайронкунии андаки интизоми меҳнат метавонад ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, оинномаҳо ва низомномаҳо оид ба интизоми меҳнат амал мекунанд (қисми 3 моддаи 59 КМ ҶТ). Чунин оинномаҳо ва низомномаҳо масалан, дар нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, дар соҳаи алоқа ва ғайра амал мекунанд. Онҳо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат дар ташкилотро иваз намекунанд, балки танҳо гурӯҳи мушаххаси кормандонро фаро мегиранд.
Тибқи моддаи 1 КМ ҶТ зери мафҳуми интизоми меҳнат риояи талаботи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот фаҳмида мешавад. Интизоми меҳнат аз ҷониби корфармо бо роҳи муҳайё намудани шароитҳои зарурии ташкилӣ ва иқтисодӣ барои меҳнати фардӣ ва коллективӣ, муносибати бошууронаи кормандон ба меҳнат, усулҳои боваркунонӣ, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати содикона, ҳамчунин татбиқи ҷазои интизомӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат, таъмин мегардад (моддаи 60 КМ ҶТ).
Баҳри таъмини интизоми меҳнат чораҳои ҳавасмандсозии меҳнатии кормандон барои кори пурсамари ва сифатнок, нақши муҳим доранд. Ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё