Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷавобгарии махсуси интизомӣ на танҳо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ (хизматӣ), балки барои ҳуқуқвайронкуниҳои ба кирдори интизомӣ баробаркардашуда муқаррар карда мешавад. Масалан, дар нақлиёти роҳи оҳан ин вайрон кардани қоидаҳои умумии рафтор дар биноҳои маъмурӣ, қатораҳо ва дар қаламрави хизматӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳам бидуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мебошад.

Барои содир кардани кирдори интизомӣ, нисбати кормандоне, ки тибқи низомнома ва оинномаи интизомӣ ҷазо гирифтаанд, илова бар ҷазои интизомии дар қонунгузории меҳнат пешбинишуда, инчунин ҷазоҳое, ки дар оинномаҳо ё қоидаҳои дахлдор пешбинӣ шудаанд, метавонанд татбиқ карда шаванд. Масалан, маҳрум кардани ронанда аз ҳуқуқи рондани локомотив ба мӯҳлати муайян ё аз мансаб озод кардан бо пешниҳод намудани кори дигар бо назардошти касб (ихтисос) ё озод намудани корманд аз мансаб барои вайронкунии дағалонаи қоидаҳо, ки ба амнияти ҳаракати қатораҳо, ҳаёт ва саломатии одамон хатар эҷод намудааст, ё боиси вайрон кардани бехатарии мол, бағоҷ ва амволи ба ӯ боваркардашуда гардидааст, ва ё барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ оид ба хизматрасонӣ ба мусофирон ва ғайра.

САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва тартиби таъмини интизоми меҳнатро шарҳ диҳед.
пешина
аз 496
навбатӣ