Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шакли пардохти музди меҳнат, мансаби ишғолкарда, муҳлати шартномаи меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳо ба рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, ҳуқуқ доранд.

Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ба кормандон тибқи моддаи 93 КМ ҶТ, чун қоида 24 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад.

Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти уҳдадориҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо қонунгузорӣ рухсатии асосии дарозкардашуда, яъне зиёдтар аз 24 рӯзи тақвимиро пешбинӣ мекунад (моддаи 94 КМ ҶТ), аз ҷумла:

  • ба кормандони ташкилотҳои илмӣ - аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;

  • ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар китобхонаҳо - аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;

  • ба кормандон - омӯзгорони шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла доир ба тайёрӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ - аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;

  • ба кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ - аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ;

  • ба кормандони муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ - аз 28 то 42 рӯзи тақвимӣ;

пешина
аз 496
навбатӣ