Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-ба ҳамшираҳои тиббӣ, ки ба тарбияи кӯдакони то сесола машғуланд, мураббияҳои гурӯҳҳои ширхораи муассисаҳои таълимии томактабӣ ва хонаи кӯдакон - 42 рӯзи тақвимӣ;
-ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал - 28 рӯзи тақвимӣ;
-ба варзишгарон - на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ;
-ба рӯзноманигорон - на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ;
-ба кормандони синни то ҳаждаҳ, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ (таълими истеҳсолӣ) қабул шудаанд - 30 рӯзи тақвимӣ;
- ба кормандони маъюби гурӯҳҳои I ва II- 42, гурӯҳи III- 35 рӯзи тақвимӣ;
-ба кормандоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд - на камтар аз 28 рӯзи тақвимӣ.
Корфармоён имкониятҳои истеҳсолӣ ва молиявии худро ба назар гирифта, мустақилона метавонанд барои кормандон рухсатиҳои иловагӣ муқаррар кунанд. Тартиб ва шартҳои пешниҳоди онҳоро шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо ва санадҳои меъёрии локалӣ муайян мекунанд, ки дар мувофиқа бо ташкилоти иттифоқҳои касаба қабул карда мешаванд.
Ҳадафи рухсатиҳои меҳнатии иловагӣ якхел нест. Баъзеи онҳо барои ҷуброни таъсири омилҳои номусоиди истеҳсолӣ, касбӣ, табиӣ ва иқлимӣ ба саломатии корманд тарҳрезӣ шудаанд, қисми дигар барои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии кормандон барои кори дарозмуддат дар намуди муайяни фаъолият ё дар соҳаи алоҳида дода мешаванд. Инҷо рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо