Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Функсияи дигари муҳими музди меҳнат ин вазифаи ҳавасмандгардонии он мебошад, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, сифати кор ва муайян кардани фарқияти андозаи музди меҳнат вобаста ба тахассуси корманд ва мураккабии кори иҷрокардаи ӯ, равона карда шудааст. Кори ихтисосманд аз рӯи дараҷаи мураккабии кори иҷрошуда зиёдтар пардохта мешавад, бинобар ин корманд манфиатдор аст, ки ихтисоси худро такмил диҳад ва ин намудҳои корро иҷро кунад.

Дар баробари ин функцияи танзимкунанда низ мавҷуд аст, ки метавонад танзимгари талабот на танҳо ба қувваи корӣ, балки ба маҳсулот ва хизматрасониҳои ниҳоии истеъмолӣ бошад.

Коҳиши нақши ин функцияҳо бо бисёр омилҳое алоқаманд аст, ки аз аввали солҳои 90-ум дар ҶТ ба таври объективӣ рушд кардаанд. Даст кашидан аз танзими қатъии давлатии музди меҳнат ва гузариш ба танзими музди меҳнат тавассути шарикии иҷтимоӣ, шартномаҳои коллективӣ ва кафолатҳои давлатӣ, аз қабили ҳадди ақали музди меҳнат натиҷаҳои мусбӣ ба бор наоварданд. Зеро, низоми шарикии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар давраи баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ акнун инкишоф меёфт, вобаста ба вазъи начандон хуби молиявӣ ҳадди ақали музди меҳнат муддати тӯлонӣ бетағйир монд ва танҳо аз аввали солҳои 2000-ум таҷдиди назар карда шуд. Дар ҳоле, ки сатҳи музди меҳнати ҳадди аққал бояд ҳам ҳадди ақали зиндагиро муайян кунад ва ҳам замина барои таъйини андозаи тарифҳо ва маоши

пешина
аз 496
навбатӣ