Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мансабии категорияҳои гуногуни кормандон бошад. Давлати Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки қобилияти харидории музди меҳнати ҳадди ақалро барқарор карда, андозаи онро тадриҷан ба сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ баробар кунад. Дар айни замон, барқарорсозии қобилияти харидории музди меҳнати ҳадди ақал дар баробари чораҳои муҳофизати музди меҳнат аз таваррум, яъне баланд бардоштани сатҳи мундариҷаи воқеии музди меҳнат масъалаи муҳим мебошад.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ мафҳуми музди меҳнат ҳамчун категорияи иқтисодӣ тасниф шудааст, ки чунин мазмун дорад: музди меҳнат шакли пулии ифодаи арзиши қувваи корӣ мебошад, ки он ҳамчун подош барои меҳнат ва натиҷаҳои ниҳоии он зоҳир мешавад. Арзиши қувваи корӣ дар бозори меҳнат зери таъсири пешниҳоди он аз ҷониби кормандон ва талаботи корфармоён ба он ташаккул меёбад. Шакли зуҳури арзиши қувваи корӣ меъёри (андозаи) музди меҳнати кафолатдодаи корфармо мебошад, ба шарти аз ҷониби корманд иҷро намудани кори дорои хусусияти муътадил, мураккаб, вазнин, шиддатнок ва ғайра. Бо мафҳуми музди меҳнат инчунин, дарки он ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ - яке аз унсурҳои пешбари муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, алоқаманд мебошад.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ мазмунан, музди меҳнат ҳамчун унсури муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ аз рӯи аломатҳои зайл фарқ карда мешавад: 1) музди меҳнат- ин подош барои меҳнат мебошад, яъне барои иҷрои кори мувофиқ ба функцияи муқарраршудаи меҳнат; 2) дар шакли пулӣ пардохта

пешина
аз 496
навбатӣ