Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
мешавад; 3) ба меъёрҳои пешакӣ муқарраршуда асос ёфтааст (меъёрҳои тарифӣ, дараҷаҳои тарифӣ, маоши вазифавӣ (мансабӣ), нархномаи корбайъ); 4) андозаи он бо ҳадди ниҳоӣ маҳдуд намешавад ва наметавонад аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнате, ки қонун муқаррар кардааст, камтар бошад; 5) дар асоси иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи меҳнат пардохт мешавад; 6) хусусияти мунтазам дошта, дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт карда мешавад; 7) андозаи мушаххаси музди меҳнат аз тахассус, мураккабӣ, миқдор, сифат ва шароити кори иҷрошуда вобаста аст13.
Ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ, музди меҳнат ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро (корманд ва корфармо) ифода мекунад. Мушаххасоти онҳо дар асоси созиши тарафҳо оид ба муқаррар намудани музди меҳнат барои корманд ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо сурат мегирад, ки шартҳои шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла музди меҳнатро ҳатмӣ мегардонад. Танзими ҳуқуқии музди меҳнат дар боби 11 КМ ҶТ оварда шудааст.
Меъёрҳои КМ ҶТ мафҳуми «музди меҳнат» ва дигар мафҳумҳои асосии соҳаи пардохт ва меъёри меҳнатро дар бар мегиранд. Мутобиқи моддаи 142 КМ ҶТ таркиби музди меҳнат аз қисмҳои доимӣ ва тағйирёбанда иборат мебошад. Қисми доимии он аз ҳиссаи соатбайъ ё моҳонаи меъёрҳои тарифӣ (маош) иборат аст. Одатан, дар таҷриба
13 Гейхман В.Л. [и др]. Трудовое право: учебник для прикладного бакалавриата; под редакцией В.Л.Гейхмана- 2-е изд., перераб. и доп.- Москва: Издательство Юрайт, 2019-382 с.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо