Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳиссаи доимии музди меҳнат соҳаи таъсири давлат мебошад, ки ин ё он дараҷа, аз ҷумла ҳадди ақали музди меҳнат ва қафолатҳои дигарро дар бар мегирад. Ҳиссаи тағйирёбандаи музди меҳнат ба натиҷаҳои кор вобастагӣ дошта, иловапулиҳои гуногун, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи корӣ, аз рӯи натиҷаҳои кори солона, унвони илмӣ ва монанди онҳо) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз миқдор зиёд истехсол намудани маҳсулот) дар бар мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии музди меҳнат, ки усулҳои танзими онро муайян мекунад, муқаррароти асосии конститутсионӣ ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (конвенсияҳои ТБМ) дар соҳаи шароити меҳнат, аз ҷумла музди меҳнат мебошанд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд. Ҳуқуқи ҳар як корманд ба музди меҳнати одилона ва қонеъкунандаи таъмини ӯ ва оилааш, инчунин ҳуқуқ ба музди баробар барои меҳнати баробарарзиш бидуни ҳеҷ гуна табъиз дар Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон (қ. 2, 3 моддаи 23) дарҷ ёфтааст.

Дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966) ҳамчун як шартномаи бисёрҷонибаи байналмилалии давлатҳо, муқаррар карда шудааст, ки музди меҳнати ҳадди аққал бояд барои ҳамаи кормандон эҳтиёҷоти мавҷудаи онҳо ва оилаҳои онҳоро таъмин намояд, инчунин барои кори баробарарзиш бояд музди баробар дода шавад (моддаи 7 Аҳднома).

пешина
аз 496
навбатӣ