Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
корманд аз 20 фоиз ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 50 фоизи музди меҳнати корманд зиёд буда наметавонад. Ҳангоми нигоҳ доштан аз музди меҳнат барои якчанд ҳуҷҷатҳои иҷро бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди меҳнати барои пардохт пешбинишуда монда шавад. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳкунӣ ва рӯёнидани алимент, ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашуда, ҷуброни зарар ба шахсоне, ки ба онҳо дар натиҷаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда аз 70 фоизи музди меҳнат зиёд буда наметавонад.
Ба нигоҳ доштани маблағ аз кумакпулиҳои яквақта, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнидани маблағ аз онҳо манъ аст, роҳ дода намешавад.
- КМ ҶТ пардохти музди меҳнат дар шакли аслро маҳдуд кардааст. Мутобиқи моддаи 159 КМ ҶТ бо розигии корманд ба ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ӯ зиёд буда наметавонад. Пардохти аслӣ ба ҷои пардохти пулӣ бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахсӣ мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ӯ фоиданок бошад. Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгӯйи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест. Пардохти музди меҳнат дар шакли уҳдадориҳои қарзӣ, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо