Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
- кӯмакпулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил - ба андозаи музди моҳонаи тарифӣ дар ҷойи нави кор ва ба ҳар як аъзои оила - ба андозаи чоряки ҳиссаи кӯмакпулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.
Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифӣ дар ҷойи нави кор, барои рӯзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, инчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рӯз дода мешавад.
Агар андозаи муайяни ҷуброне, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, пеш аз муҳлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоҳ ба ӯ пешпардохт дода мешавад.
Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани молу мулки онҳо, ҳамчунин кӯмакпулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисобӣ карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рӯзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омада бошанд.
Дар моддаи 181 КМ ҶТ пешбинӣ шудааст, ки дар ду ҳолат корманд вазифадор аст маблағҳои пардохтшуда барои ба маҳали дигар ба кор омаданро пурра баргардонад:
-агар вай бе сабабҳои узрнок сари вақт ба кор шурӯъ накарда бошад;
-агар то ба охир расидани мӯҳлати кори дар шартномаи меҳнатӣ пешбинишуда ва дар сурати набудани мӯҳлати мушаххас, то ба охир расидани як соли кор бо хоҳиши худ аз кор озод шуда бошад ё барои амалҳои гунаҳкорона

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо